Аёдати кӯдакони имконияташон маҳдуди ташкилоти ибтидоии “Маркази Ситора”

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ ҳамоиши ҳизбӣ таҳти унвони “Нақши ҷавонон дар тарғиби ғоя ва арзишҳои миллӣ” баргузор гардид, ки дар ҳамоиши баргузоргардида, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси ноҳияи Восеъ Шарифзода Ҷамшед Раҳмон, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Разоқ ва дигар аъзоёни фаъоли ҲХДТ иштирок намуданд.

Ҳайати меҳмонон пеш аз оғози ҳамоиш ба Маркази кӯдакони имконияташон маҳдуди “Ситора”  рафтанд ва бо шароити буду боши онҳо аз наздик шинос гардиданд. Зимни аёдат ба 24 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд туҳфаҳои таъсисдодаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ супорида шуда, ба онҳо дастархони идона аз ҷониби шахсони хайрхоҳу саховатпеша ороста шуд.