ҲХДТ ғамхори маъюбону барҷомондагон аст!

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандона ва хайрхоҳонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгириву ғамхорӣ нисбати маъюбону ятимон, эҳтиёҷмандону барҷомондагон масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ба маъюби гурӯҳи якум, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабови ноҳия Хоҷаева Саодат нафақаи ҳизбӣ ба маблағи 1500 сомонӣ,  яъне барои моҳҳои Январ, Феврал ва Март дастрас намуданд.

Бояд қайд намоем, ки нафақаи ҳизбиро раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза дар якҷоягӣ бо раиси ҷамоати деҳоти ба номи Х.Раҷавов Хоҷаев Ҳошим ба нафақагир супорида, қайд намуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – ғамхори маъюбону барҷомондагон, ятимону бепарасторон ва дигар қишри осебпазири ҷомеа  буда, пайваста баҳри зиндагии шоистаи сокинони кишвари соҳибистиқлол талош менамояд.