Вохӯрии вакил бо интихобкунандагон

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади огаҳи ёфтан аз мушкилоти мардуми маҳалл ва дастгирии шаҳрвандон Азизов Саймухтор вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Восеъ дар ҳавзаи интихоботиаш вохӯри бо фаъолони деҳа баргузор намуд. Дар рафти баромад вакили ноҳиявӣ аз иҷрои корҳои ба иҷро расонидааш ҳисобот дода, инчунин оид ба риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъалуяти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ” таъкид намуд. Мавриди зикр аст, ки  Азизов Саймухтор вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Восеъ мунтазам дар ҳудуди ҳавзаи интихоботиаш бо сокинон сӯҳбату вохӯриҳо гузаронида, саҳми худро дар корҳои ободонию созандагӣ мегузорад.