Саҳми ҷавони хайрхоҳ дар ободии маҳал

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Cаодати баландтарин дар зиндагонии инсон ба муҳаббати умум сазовор гаштан аст. Зеро танҳо ин муҳаббату имон метавонад инсонро зина ба зина ба мақоми баланди маънавӣ бирасонад. Умри инсон зуд мегузарад вале амали нек  ва кори хайри ӯ боқӣ мемонад.

Дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо мақсади саҳм гузоштан дар ободии маҳали худ як гурӯҳ ҷавонони синни 24 сола тасмим гирифтанд  дар азнавсозии пуле, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дошт, саҳми худро гузоранд.

Бояд қайд намоем, ки пули мазкур дар деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ дар наздикии МТМУ №17 воқеъ буда, хонандагон тавассути ин пули вайрона бо мушкилӣ ба муассиса мерафтанд. Ва ҳоло бошад бо ташаббуси ҷавонони хайрхоҳу савобҷӯ дар рӯзҳои наздик ин мушкилӣ аз байн рафта, дар оянда барои рафтуомади сокинон кумак хоҳад расонид.