Аёдат ва қадрдонии модари сарбози ихтиёрӣ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёданд ҷавононе, ки Ватани хешро сидқан дӯст медоранд ва барои ҳифзи ҳар як зарра хоки он лозим ояд, ҷони хешро  дареғ намедоранд.

Яке аз чунин ҷавонмардони бонангу номус, ки баҳри адои қарзи фарзандии хеш ихтиёрӣ ба сафи Артиши миллӣ сафарбар шудааст, истиқоматкунандаи ноҳияи Восеъ Ҳамидов Шерафган мебошад.

Бо мақсади расонидани сипосу миннатдорӣ, барои тарбияи чунин ҷавонмарди шуҷову далер раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза ва мудири бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия Неъматзода Фарзона ба аёдати модари Шерафган рафтанд.

Зимни суҳбат масъулин иброз доштанд, ки ба монанди ин ҷавони қавииродаву меҳанпараст даҳҳо ҷавонони дигар вазифаи муқаддаси худро бо сарбаландӣ дар назди халқу Ватан  ба ҷо оварда, сулҳу оромӣ, амнияти кишвар ва меҳнати бунёдкоронаи мардумро бо дилу ҷон ҳифз менамояд ва садоқати худро ҳамчун муҳофиз ва такягоҳи боэътимоди Ватану ватандорӣ собит месозанд.  Ин ҳама аз тарбияи дуруст ва заҳматҳои шабонарӯзии чунин модарони  ватандӯст мебошад.