Мақсад: Муҳайё намудани шароити хуби таҳсил барои фарзандон

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои бандҳои нақшаи кории тасдиқнамудаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ва муҳайё намудани шароити хуби таҳсил барои хонандагон дар муассисаи таълимии миёнаи умумии №21-и деҳаи Шоҳбикаи ҷамоати деҳоти Тугарак корҳои таъмиру азнавсозӣ ҷараён дорад. Бо ташаббус ва дастгириҳои шахсони саховатпеша, роҳбарияти муассиса ва волидони хайрхоҳ зиёда аз 250 метр саҳни муассиса сангфарш карда шуда, корҳои таъмиру таҷдид ва бетоникунонӣ ҷараён дорад.

Зимнан кормандони масъули КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ зимни суҳбат бо иштирокдорони ин амали хайр иброз доштанд, ки таъмиру таҷдид ва азнавсозии муассисаҳо, инчунин муҳайё намудани шароити хуби таҳсил ба хонандагон имкон медиҳад боз ҳам хубтар таҳсил намуда, донишҳои замони худро аз худ намоянд ва дар оянда мутахассисони варзидаи кишвари азизамон гарданд.