Ниҳолшинонӣ вусъат меёбад

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар Ватани азизи мо анъана аст, ки бо оғоз ёфтани фасли баҳор дар тамоми қаламрави мамлакат маъракаи ниҳолшинонӣ суръати тоза мегирад, ки ин амри хайр, бешубҳа, боиси боз ҳам сарсабзу обод шудани Ватани азизамон-Тоҷикистон мегардад. Вобаста ба ин дар ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.

Ин иқдоми наҷиб аз ҷониби шахсони хайрхоҳ ва саховатпеша сурат гирифта, дар маъракаи мазкур зиёда аз 1200 бех ниҳолҳои гуногуни мевадиҳанда шинонида шуд.

Ёдовар мешавем, ки кабудзоркунӣ, шинондани дарахтони сояафкану мевадиҳанда, тозаву озода намудани ҳудуди ноҳия ба ҳукми анъанаи сокинони меҳнатдӯсту меҳанпарасти ноҳияи Восеъ  гардидааст, ки пайваста кӯшиш менамоянд баҳри ободӣ ва зебогии диёр саҳми хешро гузоранд.