АЁДАТИ МОДАРОНЕ, КИ ФАРЗАНДОНАШОН МАРДОНАВОР ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОН ҶОН ДОДААНД!

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи модарон роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ, шахсан раиси ноҳияи Восеъ муҳтарам Шарифзода Ҷамшед Раҳмон, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ ва раисони Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия ба аёдати модароне, ки фазандонашон шуҷоатмандона дар марзи Тоҷикистони азиз ҷон додаанд рафта, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд. Зимни суҳбат раиси ноҳияи Восеъ муҳтарам Шарифзода Ҷамшед Раҳмон бо модарон  иброз намуд, ки ҳар, ки барои ин миллат садоқатмандона хизмат карда ҷоннисорӣ мекунад, номаш дар саҳифаҳои таърих сабт мешавад ва ҳамеша онро бо некӣ ёд мекунанд. Фаромуш набояд кард, ки шаҳид намемирад.