САБЗУ ХУРРАМ ГАРДОНИДАНИ ВАТАН МАРОМИ МОСТ!

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳм гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ ва сабзу хуррам гардонидани ватани азизамон  ташкилоти ибтидои ҳизби “Муасссисаи давлатии назорати роҳҳои афтомобилгард дар ноҳияи Восеъ” дар  ду тарафи шоҳроҳи Душанбе-Кулоб дарахтони сояафкану ҳамешасабз шинониданд. Бояд қайд кард, ки дар ин ҳашари дастаҷамъона аъзоёни  фаъоли Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон иштирок намуда дар ду тарафи роҳ 54 дона дарахти ороишиву сояафкан шинониданд.