“Рӯзи ёдоварӣ” дар Восеъ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо иштироки Шарифзода Ҷ.Р  иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия, Хоҷаев Ҳ.раиси ҷамоати деҳоти ба номи Х.Раҷабов ва фаъолон  Амалиёти умумивилоятӣ таҳти унвони “Рӯзи ёдоварӣ” дар оромгоҳи “Хоҷа Эшон”,-и деҳаи  Гултеппаи ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ гузаронида шуд.

Дар Аксияи мазкур 570 нафар аҳолии маҳал ва 9 нафар имомхатибон иштирок намуда, пеш аз оғози амалиёт дар ҳаққи гузаштагон дуои хайр карданд. Зимни иҷрои корҳои ободонӣ беш аз 560 дарахти арча шинонида шуда, инчунин ба масофаи 700 метр таҳкурси ва девори сементи барои атрофи оромгоҳ бунёд карда шуд. Баъди анҷоми ҳашар ҳезумҳои ҷамъоваришуда ба 12 муассисаи таълимӣ  ва 11  маркази саломатӣ ирсол карда шуд.