ДАР ТОЗАЮ ОЗОДА КАРДАНИ НАЗДИ МУАССИСАИ ХУД САҲМ МЕГУЗОРЕМ!

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади тозаю озода гардонидани гирду атрофи муассиса ва ба ин васила саҳм гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ дар ташкилоти ибтидои ҳизбии деҳаи “Ҷавонӣ” бо ҷалби хонандагону аъзоёни фаъоли Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 шанбегӣ баргузор гардида гирду атрофи муассиса аз ҳаргуна партовҳои бегона тоза карда шуда, бехи дарахтон нарм карда шуд.  Бояд қайд намуд, ки чунин корҳои ободони дар дигар ташкилотҳои ибтидои ҳизбӣ бо маром идома дошта аъзоёни фаъоли Ҳизби Халқи Демократи Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ кушиш менамоянд, ҳамеша дар пешрафти ҷомеа саҳмгузор бошанд.