Идомаи корҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ноҳияи Восеъ корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ҳоли рушд мебошанд. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастур ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини шароити мусоид барои шаҳрвандон бо ташаббус ва дастгирии соҳибкори маҳаллӣ дар деҳаи Сари ангури ҷамоати деҳоти Абӯабдуллоҳи Рӯдакии ноҳия сохтмони  бунгоҳи тиббӣ оғоз гардида, корҳои рангу бор ҷараён дорад.

Мавриди зикр аст, ки бахшида ба ҷашнҳои сиёсӣ соҳибкорони маҳаллӣ дар партавӣ сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат корҳои ободониву созандагиро хосса дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ пеша карда, саҳми худро ҳамчун фарзанди бо нангу номуси кишвар дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ мегузоранд.