Саҳм гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ амали хайру савоб аст

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои бандҳои нақшаи кории КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ, саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва дар амал татбиқ намудани аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” дар деҳаи Кадучии ҷамоати деҳоти ба номи М. Вайсови ноҳия корҳои ободонӣ бо маром ҷараён дорад.

Бояд қайд намоем, ки сокинони ҷамоати деҳоти мазкур меҳнатдӯсту ободкор буда, ба масофаи зиёда аз 3 (се) километр ҷӯйборро бетонӣ намуда, инчунин кӯпрукҳоро низ таъмир ва мустаҳкам намуданд. Ин иқдоми созанда бо ташаббуси шахсони хайрхоҳ ва аъзои фаъоли ҲХДТ амалӣ гардида, чунин амали хайр дар оянда низ ба  нақша гирифта шудааст.