АМАЛИЁТИ УМУМИНОҲИЯВИИ “РӮЗИ ЁДОВАРӢ” БАҲРИ ШОД НАМУДАНИ РӮҲИ ГУЗАШТАГОН БАРГУЗОР КАРДА ШУД.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ, тозаву озода нигоҳ доштан инчунин ҳифзи оромгоҳҳо аксияи умуминоҳиявӣ таҳти унвони «Рӯзи ёдоварӣ» дар оромгоҳи деҳаи Ҷаврези  ҷамоати деҳоти ба номи А. Авазови  ноҳияи Восеъ баргузор гардид. Дар оромгоҳи деҳаи номбурда бо иштироки масъулини ҳизбӣ, имомхатибон, волонтёрон ва зиёда аз 260 нафар сокинон Аксияи «Рӯзи ёдоварӣ» баргузор гардида, гирду атофи оромгоҳи деҳа аз ҳар гуна партову хасу хошокҳо тоза карда шуда, бехҳои дарахтон нарм карда шуданд. Дар баргузори амалиёти умуминоҳиявии «Рӯзи ёдоварӣ» пиру ҷавони деҳа иштирок намуда саҳми хешро дар ин амали хайр гузоштанд ва иброз намуданд, ки минбаъд низ ба хотири пос доштани рӯҳи гузаштагон ва тозаву озода нигоҳ доштани оромгоҳҳо дар чунин аксияҳо фаъолона иштирок менамоянд.