РӮЗИ ЁДОВАРӢ ДАР МАҲАЛ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани оромгоҳҳо ва бо ин васила шод намудани рӯҳи гузаштагон, инчунин дар дили ҷавонон бедор намудани ҳисси инсондӯстӣ, таҳаммулгароӣ ва нексириштӣ  дар оромгоҳи деҳаи Ибрати ҷамоати деҳоти Тугарак амалиёти умумивилоятӣ таҳти унвони “Рӯзи ёдоварӣ” баргузор гардид.

Дар амалиёти мазкур беш аз 105 нафар сокинон, аъзои пешсафи ҳизб, имомхатиби маҳалла ва ҷавонони фаъол иштирок намуда, саҳми хешро дар ободу зебо гардонидани оромгоҳ гузоштанд.

Зимни амалиёти мазкур иштирокдорон гирду атрофи оромгоҳро бо симтӯр маҳкам намуда,  зиёда аз 100 бех дарахтони ҳамешасабзи (арча) шинониданд ва инчунин ба дарозии 50 метр ҷӯйбор канданд.

Бояд қайд намоем, ки сокинони деҳаи мазкур аз баргузор гардидани чунин амалиёт хеле шод буда, нақша доранд дар оянда низ дар чунин амалҳои хайр иштирок намуда, саҳми хешро дар ободӣ ва тозагии оромгоҳҳо гузоранд.