Баргузории “Соати сиёсӣ” дар ташкилоти ибтидоӣ ҳизбии “Литсейи давлатии №1”

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии “Литсейи давлатии №1” ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки  ноҳия амалиёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон “Соати сиёсӣ” бо иштироки Мирзоев Сафаралӣ-муовини раиси ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ва омӯзгорони соҳибтаҷриба ташкил ва гузаронида шуд.

Зимнан қайд гардид, ки “Соати сиёсӣ” – ин соати муайяни суҳбати муфиди насли ҷавону ояндасози кишвар ба ҳисоб рафта, дар ин замина такмил додани тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу маориф ҳадафи оиномавии ҳизб мансуб меёбад.