“Соати сиёсӣ” дар ташкилоти ибтидоии ноҳияи Восеъ дар амал татбиқ гардид.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ҷамоати деҳоти ба номи Мирали Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ бо иштироки омӯзгорони собиқадор амалиёти муштараки “Соати сиёсӣ” барои хонандагони муассисаии мазкур ташкил ва баргузор гардид.

Омӯзгорони зимни суханронии хеш оиди мавзӯъҳои нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон,  оиди вазъи сиёсӣ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон, инчунин иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсиву иҷтисодии кишвар суханронӣ карданд. Ҳамзамон гуфта шуд, ки Соати сиёсӣ бо мақсади баланд бардоштани мафкураи сиёсии наврасону ҷавонони синни 12-24-сола, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу омӯзгор рӯзҳои шанбеи охири ҳар моҳ гузаронида мешавад.