РОҲҲО ОБОД БОШАНДУ ҚАЛБҲО ШОД.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани аксия ва ташаббусҳои ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” ва “Рӯзи ёдоварӣ” дар ҳудуди ноҳияи Восеъ шахсони хайрхоҳу саховатпеша ҷалб карда шуда саҳми хешро гузошта истодаанд. 

Бунёду навсозии роҳҳо дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рӯҳия ва ҳисси баланди миллӣ анҷом дода мешаванд.

Дар пайравии ғамхориҳои хирадмандонаи Пешвои миллат, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз сафи соҳибкорон, шахсони саховатманду фаъол дар ноҳияи Восеъ низ афзуда, баҳри ободии маҳал кӯмаку дастгириҳои ҳудро дареғ намедоранд. Ин бор аз ҷониби яке аз соҳибкори савобҷӯи ноҳия зиёда аз 3 километр роҳи деҳаи Навбаҳори ҷамоати деҳоти Тугарак, ки роҳи асосии вуруд ба оромгоҳи деҳаи номбурда маҳсуб меёбад сангфарш карда шуд.

Бояд қайд намоем, ки барои ворид шудан ба оромгоҳи деҳаи Навбаҳор тамоман роҳ вуҷуд надошт ва сокинон бо мушкилӣ аз теппаву баландиҳо вориди ин оромгоҳ мешуданд. Аммо акнун бо шарофати шахсони хайрхоҳ барои сокинон роҳ бунёд гардида, корҳо дар ин самт ҷараён дорад.