Таъмини саривақтии нафақаи ҳизбӣ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бандҳои нақшаи кории Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия, ба Хоҷаева Саодат-сокини деҳаи Саричашмаи  Ҷамоати деҳоти ба номи худоёр Раҷабов нафақаи ҳизбӣ дода шуд.

Зимни расонидани кӯмаки молиявӣ ба шахси имконияташ маҳдуд, раиси  КИ ҲХДТ дар ноҳия Сафар Ҳафиза Разоқ қайд намуданд, ки ашхоси ниёзманду барҷомондагон таҳти ғамхориҳои ҳамешагии Роҳбарияти Олии кишвар ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор доранд.

Мавриди зикр аст, ки тибқи нақшаи тасдиқгардида ҳар моҳ ба 2 нафар шаҳрвандони маъюби ноҳия ва 1 нафар сокини ноҳияи Темурмалик нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 500 сомонигӣ дастрас гардонида мешавад.