Ҳамоиши “Мактаби ман!” баргузор гардид.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи Амалиёти муштарак санаи 29 октябри соли 2022 дар МТМУ №26-и ҷамоати деҳоти ба номи Абди Авазови ноҳияи Восеъ ҳамоиши хатмкунандагон зери унвони "Мактаби ман!" ташкил ва гузаронида шуд.

Дар ин ҷамъомад директори МТМУ №26 Воҳидов Турахон, омӯзгорони собиқадор ва хатмкунандагони муассисаи таълимӣ иштирок намуданд. Дар ин ҷамъомад директори МТМУ №26 Воҳидов Турахон оиди масъалаҳои таъмири мактаб, харидории асбобҳои айёнии таълимӣ, сару либоси ягонаи мактабӣ ва дигар масъалаҳои рӯзамарро баромад кард.

Дар идома хатмкунандагон иброз доштанд, ки ҳама якҷоя баҳри муҳайё намудани шароити хуби таҳсил барои хонандагон саҳми хешро гузошта, дар ин амали хайр фаъолона ширкат меварзанд.