Зимни соати сиёсӣ масъалаҳои доғи рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мавриди  амал қарор додани “Соати сиёсӣ” дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон, аз ҷумла дар ноҳияи Восеъ як амали хайр буда, он боиси васеъ гардидани ҷаҳонбинии хонандагон ва дур будан аз равияҳои тундгаро  мегардад.

Бо ин мақсад дар МТМУ №31-и ҷамоати деҳоти дурдасти ба номи Х.Раҷабови ноҳияи Восеъ чунин як соати сиёсӣ баргузор гардид, ки дар он масъулин ба хонандагон оиди мавзӯъҳои мубрами рӯз аз қабили вазъи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаҳон,  нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатдории навини тоҷикон ва тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстии ҷавонон суханронӣ намуданд.