Дар МТМУ №26 соати сиёсӣ баргузор гардид.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо иштироки омӯзгорони фаъол ва собиқадорони ҳизбу меҳнат Амалиёти муштарак оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и ҷамоати деҳоти ба номи Абди Авазови ноҳияи Восеъ доир гардид. 

Дар соати сиёсӣ омӯзгорон ва тарбиятгирандагони синфҳои болоии муассисаи таълимии мазкур иштирок доштан. Масъулин дар суҳбат вобаста ба нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатдории навини тоҷикон, тарбияи ҳарби-ватандӯстии ҷавонон ва аҳамиятнокии Роҳнамо барои ҷалби сарбози ихтиёрӣ ва вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон андешаронӣ карда, ҷамъомадагонро барои татбиқи ин масъалаҳои муҳим раҳнамоӣ карданд.