Амалиёти муштарак дар амал татбиқ гардид

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Амалиёти муштарак оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар мактаб интернати хонандагони лаёқатманди деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ бо иштироки масъулон, омӯзгорон ва тарбиятгирандагони муассисаи таълимии мазкур баргузор гардид.

Зимни хониши сиёсӣ Олимов Раҳмоналӣ-мутахасиси бахши омор ва маҳзани ягонаи электронии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ва дигар омӯзгорони ботаҷриба оиди масъалаҳои нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатдории навини тоҷикон, Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон, инчунин тарбияи ҳарби – ватандӯстии ҷавонон ва аҳамиятнокии Роҳнамо барои ҷалби сарбози ихтиёрӣ ва дигар масъалаҳо суханронӣ намуданд.