Боздид аз ҳунарҳои дастии ҳунармандони ноҳияи Восеъ зимни баргузории Аксияи ҷумҳуриявии “Албом-Эстафета”

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳунарҳои мардумӣ дар кишвари мо баёнгари миллати меҳнатдӯсту ҳунарпарвари тоҷик буда, пайвандгари насли имрӯза ба гузаштаи таърихи башариятанд. Дар даврони истиқлолият Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, баҳри аз нав эҳё намудани анъанаҳои сирф тоҷикӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки аз қадим миллати мо онро худ кашф намудаву ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда буду бо сабабҳои гуногун дар арафаи нестшавӣ қарор доштанд, иқдомҳои гуногунро ба роҳ монданд.

Дар идомаи чорабинии мутантан-аксияи ҷумҳуриявии “Алблм-Эстафета” меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои муассисаҳои таълимӣ ва Муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳия, ки дар саҳни Қасри Фарҳанги ноҳия ба маърази тамошо гузошта шуда буданд, дидан намуданд ва ба ҳунари волои ҳунармандони ноҳияи Восеъ баҳои баланд доданд.