Ба истифода додани боз як синфхонаи иловагӣ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар муассисаи таълимии миёнаи умумии №4-и ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ бо мақсади дар амал татбиқ намудани амалиёти муштараки “Мактаби ман” ва муҳайё намудани шароити хуби таҳсил барои хонандагон боз як синфхонаи иловагӣ сохта, ба истифода дода шуд.

Тавре зимни суҳбат директори муассисаи болозикр Аҳмадов Рамазон зикр кард, ин иқдом бо дастгирии падару модарон, хатмкунандагони муассисаи мазкур ва шахсони хайрхоҳу саховатпеша амалӣ гардида, то ҷое мушкилоти норасоии ҷойи нишастро дар мактаб  бартараф кард.

Таъкид карда шуд, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии муассисаҳо, баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии хонандагон ва рӯ овардани онҳо ба омӯзиши касбу ҳунар масъулини муассисаи номбурда пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешанд.