Дасти мадад расонидан ба қишри осебпазири ҷомеа амали хайр аст

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

“Мо дар оянда низ ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ғамхорӣ дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар навбати аввал, ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд ва нафақахӯрону собиқадоронро аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини худ мешуморем” (Иқтибос аз Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон).

Дар доираи дастуру супоришҳои дар Паёми Пешвои миллат зикршуда вобаста ба дастгириҳои шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд ва гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо ҷалби вакили хайрхоҳу саховатпеша Азизов Саймухтор ба як нафар ҷавони бемор ва эҳтиёҷманд кӯмаки молиявӣ расониданд.

Аз ин иқдоми хайрхоҳона шахсони кӯмакгирифта хеле шод гардида, миннатдории хешро пеш аз ҳама, ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки пайваста қишри осебпазири ҷомеаро дастгирӣ менамоянду ғами онҳоро мехӯранд ва баъдан ба ташкилкунандагони ин амали хайр расониданд.