АЗИЗӢ АБДУҶАББОР АБДУҚАҲҲОР – Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Абдуҷаббор Азизӣ  23 апрели соли 1955 дар ноҳияи Комсомолобод (ҳозира Нуробод) дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис, Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос ва Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси менеҷери идоракунии давлатӣ хатм намудааст.

Номзади илмҳои педагогӣ, соли 2009 рисолаи номзадиашро дар мавзўи «Роли тарбия дар ташаккул ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос» ҳимоя намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1976 ҳамчун муҳандис дар иттиҳодияи ноҳиявии «Тоҷикселхозтехника» оғоз кардааст. Аз соли 1979 то 1987 дар вазифаҳои гуногуни комсомолӣ (котиби озоди кумитаи комсомоли омўзишгоҳи касбӣ-техникии №57, мудири шуъба, котиби якуми Кумитаи комсомоли ноҳияи Данғара, инструктори Кумитаи Марказии комсомоли Тоҷикистон ва котиби Кумитаи комсомоли вилояти Кўлоб) кор кардааст. Солҳои 1987-1991 дар вазифаҳои масъули ҳизбӣ (инструктор, мудири хонаи маорифи сиёсии Кумитаи ҳизби коммунисти вилояти Кўлоб, мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Данғара) фаъолият намудааст. Баъд ба ҳайси директори Маркази шуғли аҳолии ноҳия,  муовини раиси ноҳияи Данғара, аз соли 1995 то 2000 Мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрӣ адои вазифа намудааст. Соли 2000 аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида то охири соли 2001 ҳамчун муовини Раиси Кумитаи сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ фаъолият намудааст. Аз соли 2001 то 2015 дар вазифаи Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрҳо, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо фаъолият намудааст. Солҳои 2015-2020 дар вазифаи муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Аз 17 декабри соли 2019 то имрўз дар вазифаи муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кор ва фаъолият менамояд.

Бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст.

Бо медалҳои ҷашнии 20 ва 30 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва медали ҷашнии 10 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд мебошад.