Шоҳиён Нуралӣ Набот – Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара

Шоҳиён Нуралӣ Набот 15 июни соли 1959 дар ноҳияи Муъминобод таваллуд шудааст. Миллат: тоҷик. Соли 1981 Донишкадаи муҳандисӣ-сохтмонии (ҳоло Донишгоҳи миллии муҳандисӣ-сохтмонӣ)-и Киевро хатм намудааст. Ихтисос: муҳандис-сохтмончӣ оид ба сохтмонҳои саноатӣ ва шаҳрвандӣ.

Номзади фанҳои техникӣ (соли 1985 ш.Киев), доктори илмҳои педагогӣ (соли 2007 ш. Санкт-Петербург). Муаллифи 8 китобу монография ва маҷмӯи зиёда аз 100 мақолаҳо дар мавзуъҳои технологияи инноватсионии таҳсилоти олӣ мебошад.

  • Солҳои 1976-1979-донишҷӯи Донишкадаи политехникии Тоҷикистон;
  • Солҳои 1979-1981-донишҷӯи Донишкадаи муҳандисӣ-сохтмонии (ҳоло Донишгоҳи миллии муҳандисӣ-сохтмонӣ)-и Киев, лаборант ва корманди хурди илмии Озмоишгоҳи татқиқотии илмӣ;
  • Солҳои 1981-1984-аспиранти Донишкадаи муҳандисӣ-сохтмонии Киев;
  • Солҳои 1985-1986-ходими хурди илмии Озмоишгоҳи илмӣ-татқиқотии Украина оид ба ташкил ва иқтисодиёт дар сохтмон;
  • Соли 1986 (04.09)-ходими хурди илмии кафедраи иқтисодиёт ва ташкилоти сохтмони Донишкадаи политехникии Тоҷикистон;
  • Солҳои 1986-1988-ассистенти кафедраи масолеҳҳои сохтмонии Донишкадаи политехникии Тоҷикистон;
  • Солҳои 1988-1990-ҷониши сардори шуъбаи кор бо ҷавонон, ҷонишини сардори шуъбаи иҷтимоӣ–иқтисодии Кумитаи Марказии ЛКСМ-и Тоҷикистон;
  • Солҳои 1990-1991-проректор оид ба корҳои таълимии Коллеҷи олии технологии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи технологии Тоҷикистон);
  • Солҳои 1991-1996-мудири кафедраи фанҳои муҳандисӣ, декани факултети муҳандисӣ-технологии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, иҷрокунандаи вазифаи проректор оид ба корҳои илмии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон;
  • Солҳои 1996-2008-проректор оид ба корҳои илмӣ, корҳои таълим ва тарбияи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон;
  • Солҳои 2008-2016 - ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон;
  • Аз моҳи июни соли 2016 - то инҷониб ректори Донишгоҳи давлатии Данғара мебошад.