Сафарзода Ғазалшоҳ Ғулом – Сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон

Таҳсилот:   олӣ, соли 2000 Донишгоҳи давлатии Кӯлобро (рӯзона) бо дипломи аъло, соли 2015 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро (ғоибона) хатм кардааст.

Ихтисос: муаррих, муаллими фанни таъриху ҷамъиятшиносӣ, ҳуқуқшинос

Унвони илмӣ: унвонҷӯи Донишкадаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кадом забонҳои хориҷиро медонад:  русӣ

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: не

Вазъи оилавӣ: оиладор

Кор ва фаъолият ва собиқа:

Солҳои 2001-2003 — Омӯзгори фанни таърихи мактаби  миёнаи  №53-и ноҳияи Фархор

Солҳои 2003-2009 — Котиби масъули нашрияи ноҳиявии «Гулистон»-и ноҳияи Фархор

Солҳои 2009-2011 — Мудири бахш оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ҳамкорӣ ба созмонҳои ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва муносибати байни миллатҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Фархор

Солҳои  2011-2018 — Мудири шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор

Солҳои  2018-2019 — Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Фархор

Соҳои 2019-2022 — Роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Аз феврали соли 2022 - сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон