ФАРМОИШ Дар бораи тасдиқи Тартиби озмунҳои вилоятӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар байни сокинон, ҷонибдорон ва аъзои ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

ТАРТИБИ 

ташкили озмунҳои вилоятӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар байни сокинон ва ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

  1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
    1. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади сазовор истиқбол намудани 35- солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин росто ҳавасманд гардонидани ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ озмунҳои ҳизбиро эълон менамояд.
    2. Барои муайян намудани ғолибони озмун дар назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Комиссияи тадорукот ташкил карда мешавад.
    3. Озмунҳои ҳизбӣ тибқи принсипҳои баробарҳуқуқӣ, тарғиби ҳунарҳои миллии тоҷикон, тарзи ҳаёти солим, таҳкими низоми ҳаракати ҳизбӣ ва амалӣ намудани ташаббускориҳо баргузор мегарданд.
    4. Озмунҳо дар ду давр, яъне даври шаҳрӣ/ноҳиявӣ ва даври вилоятӣ ташкил ва баргузор мегарданд.
    5. Муҳлати пешниҳоди дархостҳо ҷиҳати иштирок дар даври шаҳрӣ/ноҳиявии озмунҳо то санаи 30 июли соли 2022 муқаррар мегардад.
    6. ғолибони даври шаҳрӣ/ноҳиявии озмунҳо ҷиҳати иштирок дар даври вилоятӣ то санаи 15 августи соли 2022 аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо пешниҳод мегарданд.

 

  1. МАҚСАДИ АСОСӢ
    1. Дастгирии моддиву маънавӣ ва ҳавасманд намудани ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва сокинони вилояти Хатлон ва пеш аз ҳама, кишоварзон ва ҳар як оила, ки ба истифодаи самараноки обу замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ ва дар заминҳои обӣ ҳатман ба роҳ мондани кишти такрорӣ, созандагию ободкорӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тавсеа бахшидани анъанаҳои миллӣ, таҳкими низоми ҳаракати ҳизбӣ.
    2. Озмунҳои вилоятӣ иборат аз номинатсияҳои зерин ташкил мегардад:
      1. ХОҶАГИИ БЕҲТАРИН (байни хоҷагиҳои фардии деҳқонӣ
      2. ОИЛАИ КИШОВАРЗИ СОЛ (дар заминҳои хоҷагии деҳқонӣ ё заминҳои наздиҳавлигӣ);
      3. ХАЗИНАДОРИ БЕҲТАРИН  (захираи маҳсулотҳои кишоварзӣ ва хӯрока дар оила);

 

  1. Номинатсияи «ХОҶАГИИ БЕҲТАРИН»
    1. Номинатсияи мазкур дар доираи ташаббусҳои ҳизбӣ оид ба тарғиби фаъолияти хоҷагиҳои фардии деҳқонӣ/фермерӣ (ХФД) пешбарӣ мегардад. ХФД хоҷагии хурде мебошад, ки дар асоси саҳм як ва ё якчанд шаҳрванд ташкил ёфтааст. ХФД замини президентиро низ, фаро мегирад.
    2. ХФД беҳтарин зимни бозидиди кормандони Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳр/ноҳия ба сари замини хоҷагӣ бо назардошти талаботи поён интихоб карда мешавад:
      • корманди ҳизбӣ ва ё довталаб (роҳбари ХФД дар маҳалла/деҳот) бо замимаи расмҳои зироатҳои замини ХФД ба Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳр/ноҳия дар муҳлати муайяншуда пешниҳод карда мешавад;
      • ХФД бояд дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқгардида, фаъолият намояд.
      • дар ҳуҷҷатҳои ХФД бояд номи деҳоти ҷойгиршавӣ оварда шуда бошад.
      • барои озмун бояд номгӯи ҳамон маҳсулоти кишоварзӣ ё дигар маҳсулоте, ки ХФД онро кишт/истеҳсол кардааст,  нишон дода шавад.

 

4. Номинатисияи «ОИЛАИ КИШОВАРЗИ СОЛ»

Номинатсияи мазкур оид ба таъмини (тарғиби) истифодаи самараноки замини наздиҳавлигӣ, кишти такрорӣ аз ҷумла, кишти ғалладонагиҳо пешбинӣ шудааст.

    1. Ин озмун барои оилаҳое, ки мехоҳанд фаъолияти хоҷагидории оилавиро ривоҷ диҳанд ва худро дар ин самт ҳамчун пешқадам муаррифӣ  намоянд, беҳтарин имконият аст.
    2. ХФД беҳтарин зимни бозидиди кормандони Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳр/ноҳия ба ҳавлӣ бо назардошти талаботи поён интихоб карда мешавад:
      • корманди ҳизбӣ ва ё довталаб (сардори оила) барои иштирок дар озмун расмҳои зироатҳои замини наздиҳавилигии худро замима намуда, ба Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳр/ноҳия дар муҳлати муайяншуда пешниҳод манзур менамояд;
      • дар маводҳои озмун бояд суроғаи дақиқи ҷойгиршавии оила оварда шуда бошад.
    3. Барои озмун бояд номгӯи ҳамон маҳсулоти замини наздиҳавлигӣ, ки оила онро кишт/истеҳсол кардааст, нишон дода шавад.

 

  1. Номинатсияи «ХАЗИНАДОРИ БЕҲТАРИН»  

Номинатсияи мазкур барои муайян намудани оилае, ки аз ҳаргуна маҳсулот барои фасли сармо ва умуман барои ду соли оянда озуқа захира кардааст, эълон мегардад.

Ин фурсати муносиб, яъне мавсими фаровонист, тамоми мардуми кишвар, ҳамаи ташкилоту муассисаҳо ва ҳар як оила бояд дар фикри таъминоти худ бошанд, ҷиҳати ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулот ва барои ду сол захира намудани маводи зарурии ғизоӣ ҳамаи чораҳои заруриро андешанд, то ки дар фасли тирамоҳу зимистони дарпешистода танқисиву муҳтоҷӣ накашанд. Ҳар як шаҳрванди ҷумҳурии Тоҷикистон барои афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҳамаи имкониятҳои зарурӣ – обу замин, таҷриба, деҳқонони асил ва мардуми заҳматқарин доранд.

    1. Дархости сардори оилаи захиракор (захираи маҳсулотҳои хӯрока ва кишоварзӣ) бо дарҷи суроға ва замимаи расмҳо ба Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳр/ноҳия ҷиҳати иштирок дар озмун бояд пешниҳод карда мешавад ва ё зимни огоҳии (ташрифи) кормандони Кумитаи иҷроияи ҳизбӣ он ҳамчун довталаб ба озмун ба ҳисоб гирифта мешавад.
    2. Баҳодиҳӣ зимни боздиди корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳр/ноҳия амалӣ мегардад.
    3. Ба тозагӣ, анборхона ва сардхона диққати аввалиндараҷа дода мешавад.

 

  1. ТАРТИБИ ҶАМЪБАСТ
    1. Даври шаҳрӣ/ноҳиявии озмунҳо то санаи 30 июли соли 2022 ҷамъбаст мегардад. Зимнан, довталабон (ба ҳар як номинатсия то 3 довталаб) тибқи муқаррароти боло интихоб карда шуда, ба КИВ бевосита ва ё ба суроғаи  viloyat@hkhdtkhatlon.tj  пешниҳод мегарданд.
    2. Даври вилоятии озмунҳо то санаи 15 августи соли 2022 ҷамъбаст мегардад. Бо таъхири ин муҳлат пешниҳодҳо қабул намегарданд.
    3. Ҳайати Комиссияи тадорукотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон барои ҷамъбасти даври вилоятии озмунҳо метавонанд аз ҷойи сукунат ва фаъолияти довталабон- “Хоҷагии беҳтарин”-замини ХФД, “Оилаи кишоварзи сол”-замини наздиҳавлигӣ ва “Хазинадори беҳтарин”-анбори оила боздид намоянд.
    4. Ғолибони даври вилоятии озмунҳо дар ҷаласаи Комиссияи тадорукотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон муайян мегарданд.
    5. Ғолибони озмунҳо бо дипломи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва тӯҳфаҳои арзишманд сарфароз гардонида мешаванд.

 

КОМИССИЯИ ТАДОРУКОТ

Дар ҳайати Комиссия тадорукот маъмурияти Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо ва сарпарастони шаҳру ноҳияҳо дохил мегарданд.

Мавриди пайдо шудани нофаҳмӣ ва душворӣ зимни ташкили чораҳои баҳодиҳӣ дар ҷараёни ташкили озмунҳо метавонед бо сарпарастон дар КИВ тамос гиред.