БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

Барномаи пешазинтихоботии

Њизби Халќии Демократии Тољикистон

(Самтњои муњимтарини рушди мамлакат дар солњои 2020-2025)

 

ПЕШГУФТОР

Њизби Халќии Демократии Тољикистон (минбаъд- ЊХДТ) зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!» садоќати худро ба арзишњои умумимиллии соњибихтиёрї, демократия, баробарњуќуќї ва ошкорбаёнї изњор карда, барои пешрафти њамаљонибаи Тољикистон тамоми тадбирњои имконпазирро амалї месозад. ЊХДТ барои таъмини рушди устувор ва бомароми мамлакат, ки бо маќсади муњайё кардани сатњу сифати арзандаи зиндагии ањолї, фароњам овардани имкониятҳои баробар љињати татбиқи неруи инсонї дар асоси баробарї, адолат ва эњтиром гузоштан ба шаъну шарафи инсон равона шудааст, пайваста саъю кўшиш менамояд. Рисолат ва мазмуну моҳияти барномаи ЊХДТ – рушди Тољикистони соҳибистиқлол, ободу шукуфон ва аз лиҳози иқтисодию иљтимої ва сиёсї босубот мебошад.

Барномаи пешазинтихоботии ЊХДТ аз њадафњои асосии барномавии њизб сарчашма гирифта, њамчун њуљљати рањнамо барои расидан ба онњо вазифаи њар як узви њизбро љињати рушди иќтисодиёт ва бењбуди њаёти иљтимої, сиёсї ва фарњангии кишвар муайян менамояд.

Дар асоси тањлилњои илман асоснокшуда ањолии мамлакат аз 9,5 миллион нафар дар соли 2020 то ба 10,5 миллион дар соли 2025 афзоиш меёбад. Ин далел таќозо менамояд, ки ба њалли масъалањои иќтисодию иљтимої, аз љумла бењтар гардидани сатњу сифати зиндагии ањолї ва таќвияти иќтидори истењсолии мамлакат таваљљуњи махсус зоњир карда шавад.

Дар ин росто маљмўи мањсулоти дохилї (ММД) ба њар нафар ањолї аз 8430 сомонии соли 2020 бояд то соли 2025  ба 12297 сомонї расонида шуда, њиссаи табаќаи миёнаи ањолї аз 30 то 40 фоиз афзоиш дода мешавад. Њамасола суръати миёнаи рушди иќтисодї дар сатњи 7 фоиз нигоњ дошта шуда, њаљми сармоягузорињои хусусї дар ММД аз 10 то 15 фоиз афзоиш ва љараёни саноатикунонии босуръати кишвар идома меёбад.

Дар ин давра пешбинї мегардад, ки аз њисоби таљдид ва ба кор андохтани иќтидорњои нав истењсоли нерўи барќ дар мамлакат беш аз 10 млрд кВт соат афзоиш дода мешавад.

Барои ноил шудан ба њадафњои стратегии њизб, ки аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулњу ваҳдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, Раиси ЊХДТ, муњтарам Эмомалї Рањмон бармеоянд, њизб тасмим гирифтааст, ки ба хотири татбиќи Стратегияи миллии рушди Љумҳурии Тољикистон барои давраи то соли 2030, ки дар он њадафи олии рушди дарозмуҳлати Тољикистон – баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар дар асоси таъмини рушди устувори иқтисодї эълон шудааст, сањми босазо гузорад. ЊХДТ бо истифода аз таљриба ва сабаќњои таърихї, бо роњи суръат бахшидан ба ислоњоти иќтисодї љињати ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии рушд барои 5 соли оянда (таъмини истиқлолияти энергетикї ва истифодаи самарабахши неруи барқ, рањої аз бунбасти коммуникатсионї ва ба кишвари транзитї табдил ёфтани мамлакат, таъмини амнияти озуқаворї ва дастрасии ањолї ба ѓизои хушсифат, саноатикунонии  босуръати кишвар ва вусъатдињии шуѓли пурмањсул) тамоми ќудрату неруи худро равона месозад.

 

  1. БАХШИ ТАЊКИМ БАХШИДАНИ

ИСТИЌЛОЛИЯТИ ДАВЛАТЇ, ВАЊДАТУ

ЯГОНАГЇ ВА РУШДИ ЉОМЕАИ ШАЊРВАНДЇ

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми шарифи кишвар дар даврони истиќлолият марҳалаҳои пурпечутоби таърихи навини худро паси сар намуда, дар ин раванд бо санҷишҳои зиёде рӯ ба рӯ гашт.

Ҳамзамон бо пешравиҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мавқеи байналмилалии Тоҷикистон дар ин давра хеле мустаҳкам гардида, нуфуз ва ҷойгоҳу мақоми он дар равандҳои муосири ҷаҳонӣ баланд шуд, ки тамоми ин дастовардҳои даврони истиқлолият аз файзу баракати Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва амнияти кишвар сарчашма мегиранд.

Вазифаи ЊХДТ дар иртибот ба фазои басо мураккаб, печида ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, вазъи геополитикии сайёра ва минтақа афзудани тамоюлҳо ва хатарҳои терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ дар минтақа аз он иборат аст, ки бањри тањкими истиќлолияти давлатї, суботу амнияти миллї, вањдати миллї, ягонагии халќи Тољикистон ва рушди љомеаи шањрвандї њамеша талош намояд.

Масъалаи ҳифзи ин дастоварди бузург, яъне ҳимояи давлату давлатдории миллӣ ва таҳкими аркону пояҳои он хусусан дар шароити пуртазоду печидаи солҳои охир, яъне рӯз аз рӯз мураккаб шудани вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон, шиддат гирифтани рақобат ва бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ва таҳти таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ осебпазир гардидани истиқлолияти давлатҳои миллӣ аҳамияти торафт ҷиддии ҳаётӣ пайдо мекунад.

Аз ин лиҳоз, вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як шањрванди ватандўсти кишвар, бахусус аъзои Њизби Халќии Демократии Тољикистон аст, ки масъалаи ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро бартару болотар аз њама арзишњо гузорад.

1.1. Тањкими истиќлолияти давлатї. Тањкими манфиатњои миллии Љумњурии Тољикистон самти афзалиятноки фаъолияти ЊХДТ ба шумор меравад.

1.2. Амнияти миллї. ЊХДТ ба хотири таъмини амнияти миллї, фаъолияти бомаром ва самараноки сохторњои давлатї ва нињодњои љомеаи шањрвандї, идораи равандњои иљтимоию сиёсї ва њимояи онњо аз зуњуроти номатлуби ифротгароию терроризм, ќочоќи маводи мухаддир, одамрабої ва дигар равияњои тафриќаангези динию мазњабї, ки њадафи онњо бо роњи зўрї ба даст овардани њокимият, аз байн бурдани сохти конститутсионї ва вайрон кардани тамомияти арзии давлат мебошад, дар доираи ќонунњои амалкунандаи Љумњурии Тољикистон пайваста талош меварзад.

1.3. Тањкими вањдат ва ягонагии Тољикистон. ЊХДТ суботи сиёсї ва дастовардњои замони соњибистиќлолиро асоси иродаи озоди мардум дониста, барои пешрафти Љумњурии Тољикистон ѓояи Истиќлолият ва Озодиро тањким бахшида, барои пойдории сулњу вањдати миллї, рушду нумўи иќтисодиёт, илму фарњанг ва дар маљмўъ давлатдории миллї саъю талош менамояд.

  Дар ин самт ЊХДТ масъалањои зеринро афзалиятнок мешуморад:

- барои ЊХДТ амнияти миллї стратегияе ба шумор меравад, ки љињати таъмини манфиатњои њаётан муњимми миллї равона гардидааст. Таассуби динию мазњабї ва дигар равияю мазњабњое, ки дар байни љомеа тафриќа меандозанд, њамчун тањдид ба амнияти миллї шинохта мешаванд;

- ЊХДТ шакли давлатдории дунявиро њамчун низоми озмудаи давлатдорї эътироф намуда, густариши арзишњои умумиинсониро аз самтњои стратегии фаъолияти сиёсї ва мафкуравии худ мешуморад;

- таъмини амнияти шахсї, ташаккули љомеаи устувори шањрвандї, ки дар он амният, њуќуќ ва озодии шањрвандон кафолат дода мешаванд;

- ЊХДТ барои тањия ва татбиќи барномањои маќсадноки дарозмуддати рушди иљтимоию иќтисодии кишвар дар самтњои макроиќтисодї ва соњањое, ки ба имконияту захирањои мављуда асос ёфта, хусусиятњои минтаќавии кишварро муайян мекунанд ва хусусияти амнияти иќтисодї доранд, талош менамояд;

- ЊХДТ фаъолияти зиддиконститутсионии ташкилот ва дигар гурўњњои ифротї, рушди љиноятњои муташаккил, ќочоќи силоњ, таъсири манфии технологияњои иттилоотї- коммуникатсиониеро, ки дар раванди  халалдор кардани суботи сиёсї, барангехтани низоъњои миллию нажодї, махсусан таъсири манфї расонидан ба мафкураи љавонон мањкум намуда, маќом ва наќши нињодњои илмї ва таълимию тарбиявии давлатдориро дар ин самт аввалиндараља мењисобад;

- ЊХДТ барои ривољи мафкураи давлатию љањонбинии илмї ва баланд бардоштани сатњи илму дониш, интизом, садоќат ба Ватан ва мардуми Тољикистон, тањаммулпазирї, касбият, салоњиятнокї, инчунин татбиќи технологияњои замонавї барои рушду нумўи кишвар пайваста талош меварзад;

-  ЊХДТ барои истифода аз арзишҳои маънавии миллат дар шароити ҷаҳонишавї кўшиш карда, арҷгузорӣ ва эҳтироми забони давлатӣ ва дигар муќаддасоти миллиро зарур мешуморад;

- ЊХДТ таќвият бахшидани сиёсати давлатиро дар самти тањкими худшиносии миллї ва рушди њувияти шањрвандї муњим шуморида, густариши онњоро дар љомеа аз шартҳои зарурии рушди соҳибихтиёрии давлатӣ медонад;

- ЊХДТ бањри пешгиии зуњуроти номатлуби љомеа аз ќабили экстримизм, терроризм ва љањолату хурофот, ки ба амнияту осоиштагии кишвар халал ворид менамоянд, чорањои муаасир андешида, тадбирњои заруриро роњандозї менамояд.

 

1.4. Омили инсонї дар тањкими давлати соњибихтиёр, демократї, њуќуќбунёд, дунявї ва иљтимої. ЊХДТ масъалаи рушди омили инсонї, таъмини минбаъдаи принсипњои демократї ва љомеаи шањрвандиро дар тањкими давлати соњибихтиёр, демократї, њуќуќбунёд, дунявї ва иљтимої муњим арзёбї намуда, тањияи барномањои махсуси давлатиро ба хотири пешрафт ва бедории андешањои нави созанда, масъулиятшиносї ва љањонбинии муосир зарур мешуморад.

1.5. Рушди љомеаи шањрвандї. ЊХДТ љомеаи шањрвандиро марњилаи олии рушду инкишоф ва яке аз шаклњои њамраъйиву њамкории инсонї ва асоси устувории давлат њисобида, барои баланд бардоштани наќшу љойгоњи он дар байни ањолии кишвар корњои фањмондадињї амалї менамояд. Гузашта аз ин, љомеаи шањрвандї њамчунин аз иттињодияњои љамъиятї, њизбу њаракатњои ѓайрисиёсию ѓайридавлатї ва љамъиятњои динию фарњангї иборат мебошад ва ЊХДТ ба хотири њифзи манфиатњои давлат њамеша љињати боло бурдани сатњи фарњанги сиёсии онњо мусоидат менамояд. Њизб њамкорињои доимиву густурдаро бо нињодњои љомеаи шањрвандї ба роњ монда, љињати таќвият бахшидани  масъулияти онњо дар њаллу фасли масъалањои рўзмарра ва њалталаби љомеа, ки иљрои сариваќтии худро таќозо доранд, талош менамояд.

ЊХДТ барои тањкими истиќлолияти давлатї ба масъалањои зерин эътибори љиддї медињад:

- таѓйирнопазирии сохти конститутсионии Љумњурии Тољикистон;

- таъмини њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд;

- пойдорї ва инкишофи арзишњои моддї ва маънавии љамъият;

- тањкими иќтидори мудофиавии кишвар;

- нигоњдории ризоияти љомеа ва фазои устувори сиёсї дар мамлакат;

- тарбияи ватандўстї ва тањкими вањдати миллї;

- фаъолияти устувори нињодњои давлатдорї, тањким ва самаранокии фаъолияти онњо;

- таъмини рушди устувори иќтисодиёти кишвар;

- таъмини истиқлолияти энергетикї ва истифодаи самарабахши неруи барқ ;

-  рањої аз бунбасти коммуникатсионї ва ба кишвари транзитї табдил ёфтани мамлакат;

- таъмини амнияти озуқаворї ва дастрасии ањолї ба ѓизои хушсифат;

- саноатикунонии  босуръати кишвар;

- вусъатдињии шуѓли пурмањсул.

 

  1. БАХШИ СИЁСАТИ ИЌТИСОДЇ

Дар бахши сиёсати иқтисодӣ ва иҷрои дастуру ҳидоятҳои хирадмандонаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ҲХДТ тасмим гирифтааст, ки дар иҷрои ҳадафҳои стратегии давлат пешсаф ва саҳмгузор бошад.

Ба шарофати саҳми сазовори ҲХДТ дар дигаргунињои њаёти љомеаи муосир суботи макроиќтисодї ва рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, аз љумла рушди устувори тамоми соњањои иқтисоди миллӣ таъмин гардида, дар давраи татбиқи барномаи қаблии фаъолияти он ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) қариб 2 маротиба афзоиш ёфт. Даромадҳои пулии аҳолӣ 1,9 ва музди меҳнати миёнаи як корманд 1,8 маротиба зиёд шуданд. Дар натиҷа сатҳи камбизоатии аҳолӣ дар кишвар аз 41 фоизи соли 2011 то 30 фоиз дар соли 2019 коҳиш дода шуд.

Мақсади асосии ҲХДТ фароњам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоиста, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ, фароҳам овардани заминаҳо барои таҳкими нерӯ ва қобилияти ҳар як шаҳрванд мебошад. Ҳизб минбаъд низ ба масъалањои нигоҳ доштани суботи макроиқтисодӣ, таъмини амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ, рушди афзалиятноки соҳаҳои истеҳсолӣ, тавсеаи сармоягузории дохиливу хориљї, рушди инфрасохтори мамлакат ва табдили он ба кишвари транзитӣ, таъмини шуѓли пурмаҳсул ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, инчунин идомаи ислоҳоти сохторӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт чораҳои таъхирнопазир ва амалї афзалият медињад.

ҲХДТ барои ноил шудан ба мақсаду афзалиятҳои зикргардида дар солҳои 2020-2025 иҷрои тадбирҳоро дар самтҳои зерин зарур мешуморад:

2.1. Дар пешбурди сиёсати мукаммали иќтисодӣ, баланд бардоштани самаранокї, диверсификатсия ва раќобатпазирии истењсолоти ватанӣ:

- таҳияи қонунҳои нав ва пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба қонунҳои мавҷуда бо мақсади расидан ба ҳадафҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”;

  • иштирок дар таҳия ва татбиқи “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”;
  • такмили муназзами сохтори иқтисодиёт ҷиҳати таъмини суръати баланди рушди иљтимоию иқтисодии кишвар;

- мусоидат ба азхудкунии оқилона ва истифодабарии самараноки сарватҳои табиии кишвар, таҳкими нерўи табиию иқтисодии минтақаҳои ҷумҳурӣ;

  • таъмини рақобатпазирӣ ва самаранокии рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, аз ҷумла саноат ва кишоварзӣ, инчунин рушди минтақаҳо;
  • фароњам овардани шароит барои гузариш аз модели аграрӣ-саноатӣ ба модели саноатӣ-аграрии рушди иқтисодиёт;
  •  таҳкими раванди ҷорӣ ва истифодабарии васеи технологияҳои муосир ва инноватсионӣ, аз ҷумла, тариқи ташкили технопаркҳо љињати баланд бардоштани рақобатпазирии истеҳсолоти ватанӣ;

- љалби бештари сармоягузориҳои мустаќими хориҷӣ бо мақсади таъмини рушди соҳаҳои истеҳсолӣ, бунёди корхонањои нав ва истеҳсоли молу маҳсулоти ҷавобгӯ ба стандартњои љањонї;

  • идомаи ислоҳоти иқтисодӣ, аз ҷумла, такмили заминаҳои меъёрии ҳуқуқии хоҷагидорӣ вобаста ба талаботи замон;

- дастгирии содирот, вусъатбахшии ҷараёни диверсификатсияи истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва содагардонии расмиёти савдо;

- фароҳам овардани заминаи иқтисоди рақамӣ ва савдои электронї.

2.2. Ҷињати њавасманд гардонидани фаъолияти соњибкориву истењсолї:

- идомаи ислоњот дар самти бењтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар Љумњурии Тољикистон вобаста ба зарурати беҳдошти мавқеи кишвар дар низоми рейтингҳои байналмилалӣ;

- тақвияти механизми дастгирии давлатии соњибкорию рушди сармоягузорї ва бартараф намудани монеаҳои мавҷуда;

- таҳкими заминаи институтсионалию молиявии рушди шарикии давлат ва бахши хусусї;

- мукаммалгардонии низоми таъмини кафолати сармоя мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ;

- љалби ҳамватанон-соњибкорони бурунмарзї дар рушди иљтимоию иќтисодии кишвар;

- ташкили шароити мусоид барои таъсиси марказњои логистикї ва дигар объектҳои инфрасохторӣ;

- ташкили технопаркҳо ва бизнес-инкубаторњо бо маќсади рушди бемайлони соњибкории хурду миёна;

- тайёр кардани мутахассисони баландихтисос, ки ба талаботи бозори мењнати муосир љавобгў мебошанд;

- рушди босуръати минтаќањои озоди иќтисодї ва минтаќањои саноатї;

- мусоидат ба ташаккулдињии брендњои миллї ва баланд бардоштани имиљ ва пешбурди мањсулоти корхонањои бахши воќеии истењсолии Тољикистон дар бозорњои дохилї ва љањонї.

2.3. Барои баланд бардоштани сатњи зиндагии ањолї ва зиёд кардани синфи миёнаи ањолї

- таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳои кишвар;

- мусоидат ҷиҳати нисбатан зиёд намудани ҳаҷми даромадҳои пулии аҳолӣ ва андозаи музди миёнаи моҳонаи як корманд;

  • вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул ва дар робита ба ин, њамасола таъсис додани љойҳои нави корї;

- мусоидат ба раванди болоравии маърифати молиявии мардум;

- иштироки фаъол дар таҳия ва татбиқи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои мамлакат;

- таҳкими фаъолияти мақомоти идоракунии маҳаллӣ дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо ва таъмини иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоӣ;

- мусоидат ба фароњам овардани заминаҳои ташаккулёбӣ ва фаъолияти самараноки кластерњои истењсоливу иљтимої барои рушди шањраку шањрњои хурд;

- таъмини сифати баланди хизматрасонињои коммуналї ва бунёди инфрасохтори зарурии он дар шаҳру ноҳияҳо;

- андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати рушди инфрасохтори таъмини ањолии деҳот бо оби ошомидании тоза;

- фароњам овардани шароити мусоид барои ташаккул ва рушди иќтисодиёти дењот тавассути ташкили корхонањои хурду миёнаи истеҳсолӣ;

- татбиќи барномањои шуѓли кўтоњмуњлат бо дарназардошти талабот ва манфиатњои мардону занон, љавонон, шахсони маъюб ва дигар гурўњњои иљтимої;

- таҳия ва татбиқи чорабиниҳо оид ба истифодабарии самараноки нерӯи рекреатсионї (табиї)-и минтақаҳои кӯҳии кишвар ва сохтмони иншооти истироҳатӣ (меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, кемпингҳо ва ғ.), рушди сайёҳии табиию экологї.

2.4. Бо маќсади таъмини амнияти озуќаворї ва дастрасии аҳолӣ ба ѓизои хушсифат:

- идомаи ислоҳот дар самти кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои комплекси агросаноатии кишвар;

- зиёд кардани њосилнокии мањсулоти кишоварзї тавассути дастрасї ба тухмињои хушсифат, нуриҳои минералӣ ва бењтар намудани њолати мелиоративии заминњо;

- андешидани чораҳои зарурӣ дар соҳаи истифодабарии самараноки заминҳои корам ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои нав ва бекорхобида;

- мусоидат ба бунёди кластерњои агросаноатї ва корхонањои коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ, нигоҳдорӣ ва бандубасти он ҷиҳати рушди соњањои агросаноатии воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда;

- идомаи корҳо ҷиҳати ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии сифати маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ дар раванди истеҳсолоти ватанӣ;

- ташаккули асосњои институтсионалии таъмини бехатарии маҳсулоти ғизоӣ;

- ба вуҷуд овардани навъҳои нави зироатҳои серҳосил ва чорвои хушзот бо роҳи дастгирии давлатии корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва ба ин васила, паст намудани таъсири тағйирёбии иқлим ба истеҳсолоти кишоварзӣ;

- зиёд намудани истеҳсоли меваҷот тавассути бунёди боғҳои интенсивӣ ва дигар усулҳои муосири боғу токпарварӣ.

2.5. Доир ба татбиқи сиёсати энергетикии кишвар ва баланд бардоштани самаранокии низоми таъминоти аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодиёт бо неруи барќ:

- ноил гардидан ба истиқлолияти пурраи энергетикии кишвар тавассути анҷом додани сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роѓун» ва дигар неругоҳҳо;

- мусоидат ба истифодабарии самараноки манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва татбиқи рукнҳои «иқтисоди сабз» бо мақсади ҳимоя аз манфиатҳои наслҳои оянда;

- дастгирии раванди сохта ва ба истифода додани неругоҳҳои барқи обии хурду миёна бо назардошти имкониятҳои мавҷуда;

- таҳкими раванди идомаи корҳо оид ба таҷдиду бунёди инфрасохтори зарурии таъминоти барқ бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ;

- мусоидат ба бунёди шабакаи хатҳои интиқоли барқ, аз ҷумла татбиқи лоиҳаи минтақавии «CASA-1000»;

- фароҳам овардани шароити зарурӣ барои афзоиши ҳаҷми содироти нерўи барќ ба кишварњои хориљї тавассути дарёфти роњҳои нави фурӯш ва ташаккулёбии бозори минтақавии неруи барқ.

2.6. Бо мақсади ба кишвари транзитї табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути рушди инфрасохтори коммуникатсионӣ:

- идома додани татбиқи лоиҳаҳои таҷдиду барқарорсозии роҳҳои мошингарди байналмилалӣ ва сохтмони хатҳои нави роҳи оҳан;

- дастгирии ҳамаҷонибаи раванди табдили долонҳои минтақавии нақлиётӣ ба долонҳои мукаммали иқтисодӣ;         - идомаи ислоҳот ва татбиқи саривақтии барномаҳои давлатӣ дар соҳаи нақлиёт ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани хизматрасониҳои нақлиётӣ;

- дастгирии ҳамаҷонибаи идомаи сохтмони пулҳо ва иншооти зиддитармавї дар роҳњои оҳан ва автомобилгарди кишвар;

- мусоидат ба афзоиши теъдоди хатсайрҳои ҳавоӣ ва ҳаҷми мусофирбариву боркашонии байналмилалии кишварҳои ҷаҳон тавассути таъсиси ширкатҳои муштарак бо ҷалби бештари сармоягузорони хориҷӣ ва ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, рушди инфрасохтори ҳавоӣ, транзитӣ ва ширкатҳои ҳавоӣ;

- таҷдид, нигоҳдорӣ ва истифодаи самараноки шабакаи фурудгоњњои кишвар, инчунин дастрасии ањолии њамаи минтаќањо ба хизматрасониҳои наќлиёти њавоӣ;

- дастгирии давлатии рушду инкишофи хизматрасонӣ ва имкониятҳои транзитӣ дар асоси истифодабарии технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ.

2.7. Оид ба такмили низоми молиявии кишвар ва таъмини самаранокии фаъолияти бозори хизматрасониҳои молиявӣ:

- татбиқи пурраи низоми буҷетикунонии барномавӣ;

- назорати истифодаи шаффофу самараноки маблағҳои буҷавӣ;

- мусоидат ба ташаккулёбӣ ва рушди бозори дуюмдараҷаи коғазҳои қиматнок;

- такмили низоми андозбандӣ ва маъмурикунонии андоз, аз ҷумла, бо истифода аз технологияҳои рақамӣ зимни ҷамъоварии андозҳо;

- таъмини устувории қобилияти харидории пули миллӣ ва сатҳи нархҳо бо роҳи татбиқи сиёсати самараноки пулию қарзӣ;

- таъмини пардохтпазирӣ ва барќарор кардани сатҳи баланди эътимоднокии бонкҳо, беҳдошти дастрасии мизоҷон ба захираҳои молиявӣ, аз ҷумла қарзҳо, инчунин васеъ ҷорӣ намудани шаклҳои муосири хизматрасониҳои бонкӣ;

- васеъ намудани миқёси истифодабарии пардохтҳои ѓайринақдӣ, бахусус дар савдои чакана ва хизматрасониҳо тавассути технологияҳои муосири иттилоотӣ;

- мусоидат ба такмили механизми фаъолияти фондњои иљтимої ва рушди бозори суѓурта;

- таъмини густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо шарикони рушди минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавии молиявию қарзӣ бо мақсади ҷалби бештари воситаҳои молиявӣ;

2.8. Ҷиҳати мукаммалгардонии низоми идоракунии давлатӣ ва тақвияти раванди ҳамоҳангсозии сиёсати рушд:

- тақвияти раванди ташаккулёбии низоми муосири банаќшагирии стратегї дар сатњи ҷумҳуриявӣ ва мањаллии идоракунии давлатї;

- такмили сохтори ташкилию идоракунӣ ва нерўи кадрию техникї, аз ҷумла зиёд намудани њиссаи занон дар мансабњои роњбарии хизмати давлатї ва тамоми соњањои иќтисодию иљтимої;

- таъмини шаффофияту самаранокӣ дар идоракунии молияи давлатӣ ва пурзӯр намудани назорати зиддикоррупсионї;

- идомаи татбиқи консепсияи ташаккулёбии њукумати электронӣ дар низоми мақомоти давлатӣ;

- таъмини ҳамгироии васеи барномањои рушди миллӣ, соњавию минтаќавӣ ва буљети давлатӣ;

- таъмини самаранокии идоракунӣ ва истифодабарии амволи давлатӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ.

2.9. Оид ба рушди туризм ва инкишофи инфрасохтори сайёњї:

-   ташаккули асосњои институтсионалии рушди соњаи сайёњї ва дар амал татбиќ намудани меъёрњои ќабулшудаи байналмилалї;

- ташаккули инфрасохтори муосири соњаи сайёњї, бо њавасмандгардонии инкишофи инфрасохтори сайёњї, таъсиси равзанаи ягона ва автоматикунонидашудаи баќайдгирии сайёњон, рушди инфрасохтори роњу наќлиёт, муосиргардонии нуќтањои ќабули сайёњон, аз љумла фурудгоњњои дорои ањамияти байналмилалї ва мањаллї, гузаргоњњои сарњади давлатї ва терминалњои наќлиётї;

- таќвияти иќтидорњои сайёњии Љумњурии Тољикистон ва ташкили тарѓиби њаматарафаи он;

- таъмини раќобатпазирии мањсулоти сайёњї дар асоси баланд бардоштани сифати хизматрасонї;

- ташаккул ва муаррифии бренди миллии мавзеъњои сайёњї – маркетинг ва пешбурди мањсулоти соњаи сайёњї, њифз, инкишоф ва истифодаи оќилонаи захирањои табиию рекреатсионї ва мероси таърихию фарњангї;

- таќвияти нерўи инсонї, таъминоти кадрї ва шуѓли пурмањсул дар соњаи сайёњї, ташкили омўзиши таљрибаи хориљї, такмили ихтисос ва омода кардани кадрњо дар хориљи кишвар;

- мутобиќгардонї ба стандартњои байналмилалї ва таъмини бехатарии сайёњон;

- таъсиси кластерњои сайёњї ва таъмини инноватсионию сармоягузории рушди соњаи сайёњї, љалби сармояи дохиливу хориљї љињати рушди соњаи сайёњї, пешнињод ва амалисозии имтиёзњо ва кафолати давлатии њифзи манфиатњои сармоягузорон.

            2.10. Дар самти њифзи муњити зист, истифодаи захирањои оби тозаи ошомиданї ва бењдошти вазъи экологї:                            

- мукаммал гардонидани қонунгузорї дар самти њифзи муњити зист, аз љумла коњиш додани партовњои корхонањои саноатї, нигоҳдории биогуногунӣ (табиати зинда) ва ҷангал, сарфаю истифодабарии оқилонаи об ва энергия, мубориза алайҳи биёбоншавӣ ва ҳифзи замин, мониторинги обшавии пиряхҳо, истифодаи захирањои оби тозаи ошомиданї ва бењдошти вазъи экологї;

- мусоидат намудан дар татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии Тољикистон дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»;

- тањти назорати доимї ќарор додани иҷрои қонунгузорї дар самти ҳифзи муњити зист;

- арзёбии экологӣ, аудит ва экспертизаи корхонаҳо љињати истењсоли маҳсулоти беҳтари экологӣ;

- коњиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ (ГГ), ки вобаста ба зиёдшавии аҳолӣ, рушди иқтисодиёт ва зиёд шудани теъдоди нақлиёт партовҳо ба ҳаво зиёд шуда истодаанд ва ба иқлим таъсири манфї  мерасонанд;

 - иштирок ва сањмгузорї дар татбиќи лоиҳаҳои минтаќавї ва  байналмилалӣ дар самти тағйирёбии иқлим ва љалби сармоягузорињои хориљї дар ин самт;

- ба талаботи замонавӣ ҷавобгӯй намудани самаранокии обрасонӣ  ва муќовимат намудан ба истифодаи ғайриоқилонаи захираҳои обу замин, ки  сабабгори буҳрони экологї дар минтаќа ва љањон мешаванд;

- пешгирї аз вайрон гаштани мувозинати экологӣ  ва тавсеа бахшидани шинондани дарахтон ва васеъ намудани  ҷангалзорҳо дар тамоми минтаќањои мамлакат;

- мусоидат бањри њифзи олами њайвоноту набототи  Тоҷикистон ва андешидани тадбирњо љињати таќвияти маърифати экологии мардум.

2.11. Гузариш ба иќтисодиёти раќамї, тавсеаи “Ҳукумати электронӣ ва дастрасї ба он:

- татбиќи консепсия ва стратегияи “иќтисодиёти раќамї” дар кишвар ва ташаккули низоми њамоњангшудаи муносибатњо байни субъектњои иќтисодї ва маќомоти гуногуни давлатї дар асоси истифодаи васеи технологияи иттилоотию коммуникатсионї;

- дастрасии ањолї ва соњибкорону сармоягузорон ба хизматрасонињои босифати давлатї тавассути тавсеаи “ҳукумати электронӣ аз рўи принсипњо ва стандартњои байналмилалї;

- татбиќи технологияњои раќамї дар њамаи соњањои иљтимоиву иќтисодии кишвар ва омода намудани кадрњои баландихтисос дар ин самт;

- таъмини пайвасти шабакањои иттилоотии кишвар ба шабакаи љањонии Интернет бо суръати баланд.

 

  1. БАХШИ СИЁСАТИ ИЉТИМОЇ

Љумњурии Тољикистон кишвари соњибихтиёр, демократї, њуќуќбунёд, дунявї ва иљтимої буда, мутобиќи моддаи аввали Конститутсия, барои њар як инсон шароити арзанда ва инкишофи озодонаро фароњам меоварад.

ЊХДТ манфиатњои кишварро болотар аз њама гуна манфиатњо дониста, ба њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд арљ гузошта, њуќуќ, озодї, шаъну шарафи инсонро эњтиром мекунад.  Дар доираи сиёсати иљтимоии давлат њар шахс ба мењнат, интихоби касбу кор, њифзи мењнат ва њимояи иљтимої њуќуќ дорад. Њар шахс њуќуќи тањсил, њифзи саломатї ва истироњатро дошта, метавонад озодона дар њаёти фарњангии љомеа, эљоди бадеї, илмї ва техникї ширкат варзад. Инчунин, њар кас њуќуќ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустаќилона муайян намояд.

Љумњурии Тољикистон бо татбиќи пайгиронаи муњимтарин барномаву стратегияњои рушди миллї сол то сол тараќќї карда, љињати ноил шудан ба њадафњои муайяншудаи давлат ва Њукумати кишвар барои зина ба зина баланд бардоштани сатњи некуањволии мардум ва рушди иќтисоди миллї имконият фароњам меорад.

    1. Самти тандурустї:

ЊХДТ идомаи ислоњоти соњаи тандурустиро дастгирї намуда, љињати боз њам бењтар намудани дастрасї, сатњу сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббї ба ањолї, инчунин рушди шаклњои нави кўмаки аввалияи тиббию санитарї талош меварзад. Ислоњот дар соњаи тандурустї, пеш аз њама, ба таъмини устуворї ва дастрасии њамаи гурўњњои ањолї ба муолиљаю табобат ва барќарорсозии саломатї равона карда мешавад.

Фаъолияти ҲХДТ барои мусоидат намудан ба њалли чунин вазифањо равона гардидааст:

- гузаронидани ислоњоти муназзам дар соњаи тандурустї, бењсозии дастрасї, сифат ва самарабахшии хизматрасонињои тиббию санитарї, махсусан барои ањолии камбизоат ва мардуми дењот;

- таъмини иљрои самараноки “Барномаи кафолатњои давлатї оид ба таъмини ањолї бо хизматрасонињои кўмаки тиббию санитарї”, љорї намудани низоми тибби суѓуртавї;

- боз ҳам беҳтар намудани инфрасохтори тандурустӣ, таъминоти муассисаҳои тиббӣ бо таҷҳизоти ҳозиразамон, тарбияи кадрҳои баландихтисос;

- ташкили корхонаҳои дорусозӣ ва васеъ истифода бурдани гиёҳҳои шифобахши ватанӣ дар табобат; 

- таблиѓу тарѓиби тарзи њаёти солим дар љомеа.

ҲХДТ барои таъмини чунин натиљањо дар рушди низоми тандурустї талошњои худро бештар мегардонад:

- зиёд намудани њаљми маблаѓгузорї барои рушди соњаи тиб ва њифзи иљтимоии ањолї аз њисоби маблаѓњои буљетї ва љалби сармояи хориљї;

- ѓамхорї дар њаќќи гурўњњои осебпазири ањолї, ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эњтиёљманд, нафаќахўрону собиќадорони мењнат ва ба ёрии тиббї фаро гирифтани онњо.

- бењтар шудани механизми таъминот бо доруворї, сифат ва таъсирбахшии мањсулоти доруворї ва фаъолияти фармасевтї;

- васеъ љорї шудани технологияњои инноватсионї дар фаъолияти муассисањои низоми тандурустї, баландтар гаштани сатњи фарогирии кўдакони маъюб бо хизматрасонињои муассисањои махсусгардонидашуда;

- ба таври назаррас коњиш ёфтани фавти модару кўдак ва баланд намудани давомнокии умр дар шањру дењот.

- баланд бардоштани савияи дониш, тахассус ва мањорату малакаи кормандони соњаи тиб;

- љорї намудани технологияњои инноватсионї дар муассисањои тиббї дар асоси дастовардњои тибби муосир;

ҲХДТ ба ташаккули механизмњои таъмини афзоиши давомнокии умр ва солимии ањолї ањамияти љиддї медињад.

    1. Шуѓли ањолї ва муњољирати мењнатї:

ЊХДТ дар панљ соли гузашта дар роњандозї намудани сиёсати давлатї дар соњаи муносибатњои мењнатї, тањсилоти ибтидоии касбї ва таълими калонсолон, бозори мењнат ва шуѓли ањолї, инчунин танзими муњољирати мењнатии шањрвандони Тољикистон ба хориљи кишвар сањми муайяни худро гузошт. Минбаъд низ шуѓли пурмањсул тавассути баланд бардоштани њосилнокии мењнат ва сифати бозори мењнат, рушди соњањои саноати коркард, кам кардани шумораи бекорон, махсусан дар дењот дигаргунињои сохторї ва идоракунии самарабахши муњољирати мењнатї вусъат дода мешавад. ЊХДТ дар ин самт бо њамаи зинањои маќомоти иљроияи њокимияти давлатии марказї ва мањаллї, њамзамон бо бахши хусусї њамкориро беш аз пеш вусъат дода, ният дорад љињати тањким бахшидани корњо њадафњои зеринро амалї созад:

Вобаста ба муносибатњои мењнатї, тањсилоти ибтидоии касбї ва таълими калонсолон:     

- ташаккули минбаъдаи заминањои меъёрии њуќуќии шарикии иљтимої байни кордињандагон, бахши хусусї ва муассисањои давлатии тањсилоти ибтидоии касбї;

- дар баробари таъсис додани љойњои кории нав диќќати љиддї додан ба масъалаи касбомўзї, бахусус таќвият додани низоми такмили ихтисос ва фаъолияти марказњои касбомўзии калонсолон;

- ба талаботи бозори муосири мењнат мутобиќ намудани малакаи касбии хатмкунандагони муассисањои касбомўзї;

- баланд бардоштани сатњи њадди аќали музди мењнат ва давра ба давра боло бурдани он то сатњи њадди аќали зиндагї ва ба роњ мондани њамкорињо бо вазорату идорањо љињати баланд бардоштани музди мењнати созмонњои ѓайрибуљетї;

- љалби шумораи бештари ањолї ба барномањои омўзишї, пеш аз њама, касбу ихтисосњои замонавии ба талаботи бозори мењнати дохил ва хориљи кишвар раќобатпазир ва фарогирии њарчи бештари дастрасии духтарон ва занон ба тањсил;

- зиёд намудани шумораи муассисањои давлатии тањсилоти ибтидоии касбї;

- зиёд кардани курсњои кўтоњмуддати касбї барои љавонон ва калонсолон, аз љумла такмили ихтисос, бозомўзї ва таќвияти малакањои касбии онњо;

- бо маќсади эњёи њунарњои мардумї ва рушди сайёњї дар заминаи муассисањои давлатии тањсилоти ибтидоии касбї таъсис додани бахшњои њунарњои мардумї ва тибќи талабот ба роњ мондани фаъолияти онњо;

- ташкили коргоњњои хурди истењсоли њунарњои мардумї, таъсиси љойњои нави корї ва ба бозомўзї фаро гирифтани калонсолон.

3.3. Шуѓли ањолї ва бозори мењнат:

- таќвият бахшидан ва рушди њамкорињои байналмилалї бо шарикони рушд ва дарёфти манбаъњои иловагию ѓайрибуљетии татбиќи барномањои соњаи њифзи иљтимоии ањолї;

- андешидани тадбирњо љињати аз байн бурдани иќтисодиёти пинњон ва кам кардани њаљми шуѓли баќайдгирифтанашуда (ѓайрирасмї);

- баланд бардоштани сатњи шуѓлнокии ањолї. Њама захирањои дастрас ва иќтидорњои ташкилї, аз љумла кумаки берунї бояд ба зиёд намудани њаљми истењсолот ва хизматрасонї дар бозори дохилї равона карда шаванд. Рушди соњањои нав – сайёњї ва хизматрасонињои тиљоратї, вусъатбахшии соњаи иттилоотию технологї ва энергетика, сохтмони роњњо, рушди соњањои дорои арзиши иловашудаи нисбатан баландтар (коркарди нахи пахта, мањсулоти кишоварзї), рушди хизматрасонињои иљтимої барои ањолї, таъсиси системаи банаќшагирии захирањои инсонї барои идоракунии давлатї, таъсиси системаи дурнамоии кўтоњмуњлат, миёнамуњлат ва дарозмуњлати бозори мењнат, механизми њифзи бозори мењнат (иљозати кор, талабот нисбат ба забони давлатї);

  • тањкимбахшии робитаи байни рушди шуѓл ва вусъатбахшии бозорњои фурўш, хусусан содирот, бо роњи љорї намудани нишондињандањои самарабахши шуѓл ба сиёсати рушди бозор ва таќвиятбахшии њамкории маќомоту идорањои давлатї оид ба рушди содирот ва шуѓл;
  • таќвияти касбомўзї ва корњои иттилоотї-фањмондадињї бо маќсади забондонї ва фарњанги муошират дар омодагии пеш аз сафари  муњољирони мењнатї;
  • љорї намудани принсипи дастгирии инноватсияњо (навгонињо) дар иќтисод, љорї намудани технология ва нанотехнологияњои нав, истењсолоти илмталаб, истифодаи манбаъњои ѓайрианъанавии энергия, истењсолоте, ки коркарди ашёи хоми мањаллиро таъмин мекунад, сиёсати фасењи андоз, дастгирии давлатї ва ќарздињї.

3.4. Сиёсати гендерї ва оила

ҲХДТ минбаъд низ  дар самти сиёсати гендерї наќшањои мушаххасро пайгирї намуда барои расидан ба баробарњуќуќии воќеї байни занон ва мардон (де-юре ва де-факто) чора меандешад. Аз љумла  ташаббуси  занону мардонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои беҳтар кардани вазъи иҷтимоӣ, нақшу мақоми онҳо дар ҷомеа ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои иловагӣ меандешад ва дар маљмўъ кӯшиш менамояд, ки онҳо ба сатҳи ҳарчи беҳтар ва шоистаи зиндагӣ муваффақ гарданд.

ҲХДТ ба масъалаи ҷалби занону ҷавонон ва духтарони соҳибмаърифату болаёқат ба корҳои давлативу ҷамъиятӣ ҳамчун нерўи тавоно ва пешбаранда таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои њамоњанг  намудани фаъолияти сохторњои давлатї ва  созмонҳои ҷамъиятї барои њалли мушкилоти аъзоёни љомеа кўшиш мекунад.

ҲХДТ, аз ҷумла иҷрои корҳои зеринро дар ин самт зарур мешуморад:

- тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи иштироки онҳо дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, қонунгузор ва судӣ (Мониторинги барномањои давлатї нишон медињад, ки шумораи занони роњбарикунанда дар сатњи ќабули ќарор паст аст ва барои расидан ба нишондодњои сатњи байналхалќї,  яъне 30% чорањои љиддї андешидан лозим);

- андешидани чорањои зарурї оид ба баланд бардоштани наќши зан дар љомеа, љалби бештари занон ба идоракунии давлатї, кафолати иљтимоии модарони танњо, занону духтарон аз оилањои камбизоат ва занону духтарони дењот;

- таъсисдињии мактаби захираи кадрњо дар базаи маќомотњои гуногуни давлатї ва хусусї, љамъиятї ва мониторинги ин мактабњо барои тарбияи пайдарњами кадрњои арзанда аз њисоби занону духтарон;

- тањияи барномањои махсуси корбарї (барномаи устод ва шогирд) дар сатњи дењоту љамоат, шањру ноњия ва вилояту љумњурї барои тарбияи зина ба зинаи кадрњои болаёќат;

- вусъати барномањои дастгирии иќтисодии занон, аз љумла тањияи санадњои  меъёрию њуќуќї барои  таъмини дастрасии занон ба захираҳои молиявї ва рушди соҳибкории занон, аз љумла  ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок,  грантҳои гуногун (давлатї, њизбї) барои занон.

ҲХДТ оиларо асоси ҷомеа ва арзиши олї эътироф намуда, барои устувории пояҳои он дар шароити нави ҷаҳонишавӣ амалӣ намудани чораҳои зеринро зарур меҳисобад:

- баланд бардоштани маърифатнокии љомеа ва омодагии љиддї барои бунёди оила;

- бо мақсади нигоҳдорӣ ва пойдории оилаҳо амалї намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои аъзои оила;

- ҳифзи саломатии модару кӯдак, солимї ва ҳуқуқи репродуктивӣ;

- тањияи санадњои меъёрї ва њуќуќї барои дастгирии  оилањои ниёзманд, модарони танњо, кўдакони ятиму бепарастор;

ҲХДТ ҷонибдори бартараф намудани ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ дар љомеа буда, ҷиҳати ташаккули муҳити солими корї, оилавӣ, риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҳар як аъзои љомеа мусоидат мекунад.

ЊХДТ љињати фароҳам овардани имконият барои истифодаи самаранок аз “равзанаи имкониятҳои демографӣ”, мусоидати њаматарафа ба таъмини шуғли пурмаҳсули занону љавонон ба хотири минбаъд коњиш додани сатҳи камбизоатӣ, ислоҳоти низоми идорасозии давлатӣ, тақвият додани сармояи инсонӣ ва суръат бахшидан ба рушди минтақавӣ равишҳои нави ҳалли масъалаҳоро пешбинӣ менамояд.

 

  1. БАХШИ РУШДИ МАОРИФ ВА ИЛМ

Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, нерўи зењнии ќишрњои фаъоли љомеа, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини мо дар соҳаҳои илму маориф мањсуб мегардад.

Аз ин рӯ, ЊХДТ ба соҳаҳои илму маориф эътибори љиддї дода, ислоҳотро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бомаром идома медиҳад ва мушкилоти мавҷударо давра ба давра бартараф месозад.

4.1. Дар самти маориф:

- тањияи санадњои меъёрии њуќуќии соњаи маориф ва илм бо маќсади татбиќи Стратегияи миллии рушди Љумњурии Тољикистон барои давраи то соли 2030, аз љумла санадњои меъёрии њуќуќї оид ба гузариши тањсилоти ибтидої, миёна ва олии касбї ба маблаѓгузории сарикасї; оид ба гузариши муассисањои тањсилоти ибтидої, миёна ва олии касбї ба муносибати босалоњият ба таълим; оид ба гузариши муассисањои тањсилоти миёнаи умумии кишвар ба тањсилоти 12-сола; оид ба гузаронидани муассисањои тањсилоти ибтидоии касбї ба низоми кредитии тањсилот; оид ба гузаронидани тањсилоти олии касбї ба стандартњои байналмилалии тахассусї; оид ба масъалаи калидї ва афзалиятнок эълон намудани тањсилоти ибтидоии касбї дар сиёсати иљтимоии давлат;

- афзалият додан ба тањсилоти томактабї ба хотири то соли 2025 ба 30% расонидани фарогирии кўдакон дар муассисањои тањсилоти томактабї, таъмини дастрасии намояндагони њамаи гурўњњои иљтимоии љомеа ба муассисањои тањсилоти томактабї ва истифодаи шаклњои алтернативии он:

- тањкими пояи моддї - техникии муассисањои тањсилоти миёнаи умумї, таъмин кардани муассисањои тањсилоти миёнаи умумї бо кабинетњои фаннї, аз љумла, компютерњои насли нав, видеопроекторњо, тахтањои электронї, тањияи шакли электронии дарсњо дар дискњо;

- то давраи соли 2025 бунёд намудани беш аз якуним њазор муассисањои таълимии типи нав, пурра баровардани мактабњо аз вагонњо, хонањои шахсї ва биноњои садамавї, бунёди муассисањои таълимї дар минтаќањои нави ањолинишин;

- пурра таъмин намудани муассисањои тањсилоти миёнаи умумї бо кадрњои омўзгории соњибтахассус, тавсеаи дастгирии иљтимої ва иќтисодии мутахассисони љавон;

- ба стандартњои байналмилалї мутобиќ сохтани бахши фанњои ихтисосии муассисањои тањсилоти олии касбї, пурра љорї намудани тањсилоти фосилавї дар зинаи тањсилоти миёна ва олии касбї;

- баланд намудани маќоми омўзгор дар љомеа, зиёд кардани музди мењнат ва таъмини њифзи иљтимоии тамоми кормандони соњаи маориф ва илм;

- ба таври тестї ва электронї ба роњ мондани аттестатсияи давлатии хатмкунандагони муассисањои тањсилоти миёна ва олии касбї,  таъмини дастрасї ба шабакаи интернет дар тамоми муассисањои таълимї ва ташкили китобхонањои электронї дар онњо;

- ба низоми нави мониторинг ва арзёбии сифати тањсилот гузаронидани тамоми зинањои тањсилот, тањияи индикаторњои аккредитатсияи миллї ва байналмилалии муассисањои таълимї, аз аккредитатсияи байналмилалї гузаронидани муассисањои тањсилоти олии касбї ва ихтисосњои онњо;

- рушди робитањои байналмилалии муассисањои тањсилоти олии касбї дар самти омода намудани мутахассисоне, ки дар љумњурї ба таълим фаро гирифта намешаванд ва тањќиќоти илмии барои кишвар афзалиятнок, васеъ намудани доираи созишномањои дуљониба ва бисёрљонибаи байналмилалї оид ба эътирофи њуљљатњои тањсилот ва унвону дараљањои илмї;

- љињати баланд бардоштани худшиносии миллї, махсусан насли наврасу љавонон, инчунин баргардон ва нашр кардани мероси хаттии халќи тољик, ки дар њавзањои гуногуни илмии Осиё ва Ќафќоз мањфуз мондаанд;

- фароњам овардани замина барои омўзиши забонњои хориљї, бахусус забонҳои русию англисӣ дар њамаи зинањои тањсилот.

4.2. Дар самти илм:

- ҳамоҳанг сохтани фаъолияти академияҳои соҳавӣ ва донишгоҳҳо бо фаъолияти муассисаҳои Академияи илмҳо;

- ҳамоҳангсозии мавзӯъҳои фармоишии маблағгузории давлатӣ, татбиқи дастовардҳои илм дар истеҳсолот;

- дар назди марказњои инноватсионии Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон ташкил кардани биржаи моликияти зењнї љињати љалби корхона ва ташкилоти хусусию давлатии кишвар ва мамлакатњои хориљї барои татбиќи амалии ин моликият;

- тавсеаи ҳамкориҳо бо корхонаҳои саноатии кишвар, вазорату идораҳои соҳавӣ, мусоидат ба ҷорӣ кардани технологияҳои нави илмию инноватсионӣ дар истеҳсолот бо мақсади расидан ба ҳадафи чоруми стратегии кишвар–саноатикунонии босуръат;

- таъсиси шабакаи ягонаи иттилоотию коммуникатсионӣ дар бахши илм ва инноватсия;

- ба роҳ мондани ихтироъкорӣ ва гирифтани патент ба ихтирооти дар истеҳсолот истифодашаванда;

- ҷалби ҷавонон ба корҳои илмию ихтироъкории инноватсионӣ ва мусоидат ба ҷудо намудани бурсияҳои давлатӣ ба ин бахш, инчунин ҷалби олимон ба омӯзиши мушкилоти глобалии сайёра ва минтақа;

- ба роҳ мондани таҳқиқи захираҳои табиї ва ҷустуҷӯи роҳҳо ва самтҳои асосии саноатикунонии босуръати кишвар дар асоси рушди маҷмааҳои агросаноатӣ;

- истифодаи манбаъҳои ғайрианъанавии энергия, аз лиҳози илмӣ дастгирӣ кардани рушди сарватҳои моддӣ ва боғҳои миллии кишвар.

 

  1. БАХШИ ФАРЊАНГ ВА ИТТИЛООТ

Фарҳанг ва тамоюли ҷаҳонишавии он аз ҷумлаи мушкилоти глобалии асри ХХI мебошад, ки Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аз раванди босуръати ҷаҳонишавӣ, бавижа падидањои мусбат ва зуҳуроти манфии он дар канор буда наметавонад.

Шароити имрўзаи љањонї таќозо менамояд, ки низоми нави рушди соҳаи фарҳанг ташаккул дода шавад. Хусусан, ба тавсеаи зењни инсонї, заковати фитрӣ, рушди маънавиёт, тарѓиби зебоипарастӣ, омўзонидани ҳунарњои нафиса ва инкишофи суннатҳои устувори фарҳангии халқамон ањамият додан аз рисолатњои усулии ЊХДТ мебошад.

Иҷрои ин рисолати муҳимми миллӣ, ҳамчунин дар зеҳни насли наврас ва ҷавонон таќвият бахшидани ифтихори миллӣ, тањкими худогоњиву худшиносї, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ба раванди бунёдкориву созандагӣ даъват ва сафарбар намудани мардум аз вазифањои муњимми Њизби Халќии Демократии Тољикистон  мебошад.

5.1. Дар самти фарњанг:

- такмили низоми тањсилот дар донишгоњњо ва муассисањои таълимии соњаи фарњанг, мусоидат ба такмили касбияти ањли фарњанг ва санъати касбї (оњангсозон, мутрибон, овозхонон, коргардонњо, дирижёрони оркестрњои халќї ва классикї) дар дохил ва хориљи кишвар;

 - баланд бардоштани маќоми фарњанг дар љомеа, вобаста кардани фаъолияти муассисањои фарњангї ба иљрои вазифањои муњимми муайянкардаи давлат дар самти ташаккули шуури љомеа дар рўњияи ватандўстию ватанпарастї, худшиносии миллї ва ифтихор аз соњибистиќлолии давлатї;

- љалби таваљљуњи љомеа ба њифзу рушди мероси моддї ва ѓайримоддии кишвар, мусоидат ба рушди сайёњии фарњангї дар дохил ва хориљи кишвар;

- дастгирии њамаљонибаи њунарњои бадеии халќї, таблиѓи њунарњои мардумї, санъати тасвирї, мусиќии миллї ва љањонї дар байни кўдакон, наврасон ва љавонон;

- бо маќсади боло бурдани сатњи фарњангии љомеа бунёди бештари боѓњои истироњатї, майдончањои варзишї, истироњатгоњњо ва гулгаштњо, махсусан дар марказњои шањру ноњияњо.

- таъмини рушди фазои ягонаи фарњангии мамлакат дар заминаи њифз, эњё ва густариши анъанаю суннатњои миллї, дастовардњои фарњанги миллии замони истиќлол ва арзишњои умумибашарї, нигоњ доштани гуногунии фарњангию забонї;

- ба ќадри кофї ва сатњи зарурї дар адабиёти бадеї, филмњои мустанад ва бадеї, аниматсия, барномањои илмї-маърифатї инъикос ёфтани мероси пурѓановати миллї, ки дорои нерўи бузурги тарбиявї ва унсурњои арзишманди умумибашарї мебошанд;

- рушди низоми истењсоли мањсулоти фарњангї барои кўдакон.

5.2. Оид ба ислоҳоти соҳаи васоити ахбори омма (ВАО) ва рақобатпазир намудани абзорҳои ватанӣ дар шароити ҷомеаи иттилоотӣ

Васоити ахбори омма яке аз рукнњои устувори љомеаи демократї буда, дар мењвари фаъолияти он инъикоси воќеии њаёти соњањои гуногун,  бунёди Тољикистони навин, баланд бардоштани имиљи миллї дар арсаи байналмилалї, роњандозии ислоњот дар љомеа,  њифз ва рушди фазои иттилоотї, амнияти иттилоотї, ташаккули љомеаи шањрвандї ва анљом додани баъзе вазифањои муњим дар бахши таъмини дастрасии шањрвандон ба иттилооти солим ва сањењ бояд ќарор гирад.

Имрўз зарурат ба миён омадааст, ки барномаи махсуси давлатӣ барои ислоҳоти низоми ВАО-и чопӣ ва электронӣ, ҳамчунин низоми омода намудани кадрҳои журналистӣ таҳия шаванд ва тадриҷан он ба низоми “фармоишҳои иҷтимоӣ гузаронида шавад. Дар ин сурат ВАО фаъолияти худро бо пешниҳоди лоиҳаи консептуалӣ ба роҳ мемонад ва барои қонеъ намудани талабот ва дархости хонанда, бинанда ва шунавандаи худ пайваста кўшиш мекунад. Њизби мо чунин мешуморад, ки ислоҳоти мунтазами соҳа ба роҳ монда шавад, дар самти коњиш додани шиддати таъсири шабакаҳои хориҷї ба афкори ҷамъиятии шаҳрвандон ва њифзи амнияти иттилоотї тадбирњои иловагї андешида шаванд.

ЊХДТ дар ин самт иљрои корњои зеринро зарур мешуморад:

  • таъмин кардани шањрвандон љињати дастрасї ба иттилооти воќеї (объективї) ва гуногунљанба ба василаи ВАО ва  иштироки фаъолонаи он дар инъикоси самтњои гуногуни идоракунии давлат   ва њаёти љамъиятї. Ба ин далел, ки ВАО барои муколама миёни гурўњњои мухталифи сиёсиву иљтимої, нињодњо, њокимият ва халќ, давлат ва љомеаи шањрвандї наќши муњим ва муассир дорад.
  • рушд ва таљњизонидани нињодњои марбута бо технологияњои муосири иттилоотї бо дарназардошти шиддат ёфтани љанги иттилоотї дар замони муосир, ба њайси аслињаи пуриќтидор истифода шудани иттилоот аз љониби кишварњои абарќудрат, ки метавонанд њама гуна сарњадотро убур кунанд;
  • роњандозї намудани пањн ва интишор додани иттилоот тавассути технологияњои нави иттилоотиву иртиботї (комуникатсионї); 
  • зиёд намудани маблаѓгузории давлатї дар самти њифзи фазои иттилоотии кишвар, хусусан шабакаи љањонии интернет;
  • ворид кардани таљњизоти муосир барои бењтар кардани сатњу сифати кор дар марказњои иттилоотї, идорањои нашрияњо, аз љумла матбуот, радио ва телевизион.
  • омода намудани мутахассисони касбии соња њам дар дохил ва њам дар хориљи кишвар.

ЊХДТ дар марҳалаи солњои 2020-2025 рақобатпазир намудани абзорҳои ватании ВАО дар шароити ҷомеаи иттилоотиро ниҳоят муҳим шуморида, дар навбати худ масъалаи имиҷсозии кишварро дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон аз масъалањои калидии њадафњои барномавии хеш медонад.

 

 

  1. БАХШИ ТАКМИЛИ ЌОНУНГУЗОРЇ, ТАЊКИМИ

ЊУЌУЌУ ОЗОДИЊОИ ИНСОН ВА ШАЊРВАНД ВА БОЛО БУРДАНИ ФАРЊАНГИ ЊУЌУЌИИ АЊОЛЇ

Њизби Халќии Демократии Тољикистон арзиши олї будани њуќуќу озодињои инсон ва шањрвандро эътироф намуда, дар такмили низоми ќонунгузории миллї бо назардошти манфиати њар як шањрванд, љомеа ва давлат, тањкими рукнњои асосии давлатдории миллї, таќвияти мубориза бо тањдиду зуњуроти барои љомеаи мо хатарнок, аз ќабили терроризм, экстремизм, коррупсия, инчунин пешгирии љиноятњои фаромиллї, боло бурдани фарњанги њуќуќии ањолї пайваста саъю талош хоњад варзид.

Бо ин маќсад, њадафи Њизби Халќии Демократии Тољикистон дар панљ соли оянда амалї намудани масъалањои зерин мебошад:

- такмили ќонунгузории кишвар љињати тањкими Истиќлоли давлатї, вањдату амнияти миллї, суботи сиёсї ва ягонагии Тољикистон бо дарназардошти равандњои мураккаби љањонишавї ва вазъияти љањони муосир;

- такмили ќонунгузорї дар самти њокимияти судї, ќабул кардан ва дар амал татбиќ намудани барномаи ислоњоти судї – њуќуќї. Дар ин замина, ЊХДТ мувофиќи маќсад мешуморад, ки механизми ѓайрисудии њалли бањсњои байни шањрвандон такмил дода шавад;

- тањкими ќонунгузории соњаи бонк ва фаъолияти бонкдорї бо мақсади таъмини инкишофи бонизоми системаи бонкӣ, такмили ќонунгузории соњаи фаъолияти бонкӣ, устувор намудани ҳолати молиявии бонкҳо, шаффоф ва сода намудани низоми қарздиҳӣ ва љорӣ намудани низоми ягонаи додани қарз;

- мусоидат љињати сода намудани низоми андозбандӣ, зиёд кардани чораҳои дахлдори ҳавасмандкунанда ҷиҳати пардохти ихтиёрии андоз, аз байн бурдани монеаҳои мављуда ва сода гардонидани низоми иҷозатдињї барои ба амал баровардани фаъолияти босамари соҳибкорӣ;

- тањкими ќонунгузории мубориза бо љиноятњо дар соњаи иттилоот ва љиноятњои кибернетикї, рушди низоми таъмини бехатарии иттилоотӣ ва ҳифзи маълумот, муқовимат бо тањдидњои муосир дар соҳаи иттилоот;

- таљдиди ќонунгузории соњањои гумрук, андоз ва сармоягузорї, имтиёзњо ва кафолатњои дахлдор нисбат ба субъектоне, ки дар асоси ворид кардани технологияњои навтарин саноатикунонии иќтисодиёти миллиро рушд дода, барои шањрвандон љойњои нави кориро бо музди мењнати арзанда таъсис медињанд;

- таќвияти њамкорињои байналмилалї дар соњаи њифзи њуќуќи муњољирони мењнатї ва њамватанони бурунмарзӣ ҷиҳати таъмини онњо бо шуѓли арзанда, таъминоти иљтимої, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, дастрасии иттилоотӣ, ҳуқуқӣ, баланд бардоштани дониши ҳуқуқӣ ва забондонии онњо, тањкими заминаи њуќуќии њамкорї ва равобити самараноки нињодњои љомеаи шањрвандї бо маќомоти давлатї;

  • такмили ќонунгузории соњаи экологї, махсусан дар самти њифзи муњити зист, таъмини ањолї бо оби ошомиданї ва фарњанги экологии шањрвандон;
  • такмил додани ќонунгузории кишоварзї бо маќсади таъмини бозори дохилї бо маводи озуќавории босифат, рушди саноати коркарди ашёи хом, њифз ва њавасмандгардонии истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї, инчунин баланд бардоштани иќтидори содиротии кишвар;
  • таќвият додани заминањои њуќуќии пурра истифода бурдани имкониятњои мављудаи энергетикї, аз љумла бо роњи фароњам овардани шароити мусоиди иќтисодї барои љалби сармоягузории дохилї дар самти сохтмони нерўгоњњои хурду миёна, истењсол, истифода ва фурўши неруи барќ;
  • такмил додани механизми њуќуќии мурољиати шахсони воќеї ва њуќуќї, аз љумла истифодаи дастовардњои навини илму технология бо маќсади баррасии сариваќтї ва одилонаи мурољиатњо;
  • мусоидат ба ќабули консепсияи рушди ќонунгузории шањрсозї бо дарназардошти рушди шањрњо дар кишвар ва кафолати њуќуќи шањрвандон ба манзил.

Баланд бардоштани сатњи фарњанг ва шуури њуќуќии ањолї, донишњои њуќуќї, таълим ва тарбияи њуќуќии шањрвандон яке аз самтњои муњими сиёсати њуќуќии Љумњурии Тољикистон ба шумор рафта, бо ин маќсад ЊХДТ анљом додани корњои зеринро муњим мешуморад:

  • таъмини њамаи маќомоти давлатї, аз љумла маќомоти худидоракунии шањрак ва дењот бо иттилооти њуќуќї;
  • таъмин намудани имконияти ба таври васеъ ва ройгон истифодабарии ањолї аз санадњои меъёрии њуќуќї ва таѓйиру иловањо ба онњо;
  • таъсис додани сомонаи ягонаи миллї бо љойгир кардани тамоми санадњои меъёрии њуќуќии хусусияти њатмидоштаи Љумњурии Тољикистон;
  • ёрии њуќуќии ройгон бо пешнињоди иттилооти њуќуќї ба ањолї тавассути пешнињоди шарњдињии иттилооти њуќуќї дар идорањои давлатї, њангоми машваратњо дар мањал ва тавассути алоќаи телефонї;
        • тарѓибу ташвиќи ќонунгузорї, рушди донишњои њуќуќї ва баланд бардоштани фарњанги њуќуќии ањолї;
        • љорї намудани таълими мукаммали асосњои њуќуќ, аз љумла соњаи њуќуќи инсон дар низоми тањсилот ва бо ин роњ ташаккул додани фарњанги умумибашарии њуќуќи инсонї.

    Барои баланд бардоштани сифати ќонунгузорї, њадафрас ва самарабахш гардонидани санадњои меъёрии њуќуќї ЊХДТ анљом расонидани корњои зеринро зарур мешуморад:

- ба низом даровардани ќонунгузорињои соњавї бо маќсади истифодаи дуруст, осон ва самараноки онњо аз љониби ањолї;

- бо маќсади рушди муносибатњои байналмилалї ва минтаќавии кишвар, хусусан дар соњаи муносибатњои берунии иќтисодї ва њуќуќии байналмилалї ба њам мутобиќ гардонидани ќонунгузории миллї бо байналмилалї;

- љалби васеи нињодњои љомеаи шањрвандї дар тањия, ќабул ва амалишавии ќонунгузорї;

- омода кардани мутахассисони баландихтисос дар соњаи њуќуќэљодкунї ва ќонунгузорї;

    • њавасмандсозии пажўњишњои илмї, таклифу пешнињодњои судманд ва фароњам овардани шароити мусоид барои омўзиши таљрибаи давлатњои пешќадам бо маќсади такмили ќонунгузорї;
  • пешгирї ва бартараф намудани ихтилофот, номутобиќатї, нуќсонњо ва такроршавї дар ќонунњо;
  • таъмини иштироки васеи интихобкунандагон дар раванди муњокимаи санадњои ќонунгузорї;
  • мустањкам кардани алоќањои судманди илм ва амалияи њуќуќ ва бо ин маќсад вусъат додани њамкорињо байни муассисањои илмї бо маќомоти њуќуќэљодкунанда ва њуќуќтатбиќкунанда;
  • мунтазам гузаронидани мониторинги амалишавии ќонунњо вобаста ба мутобиќати онњо ба сатњи воќеии рушди иќтисодиву иљтимоии кишвар ва њифзи њуќуќу озодињои инсон.

 

VII. БАХШИ СИЁСАТИ ЉАВОНОН ВА ВАРЗИШ

ЊХДТ ба љавонон њамчун нерўи созанда, боэътимод ва сармояи пойдори инсонї такя карда, онњоро дар ташаккул ва амалисозии иќдомњои созгор ва ташаббусњои навовар дар самти рушди илму техника ва технологияњои муосир ва ободиву пешрафти босуботи кишвар дастгирї менамояд.

Рушди варзиш яке аз самтњои асосии фаъолияти ЊХДТ ба њисоб меравад. Бо дарназардошти он, ки дар шароити кунунї варзиш њамчун василаи шоистаи муаррифгари миллату кишвар дар олам мањсуб мешавад, ба рушди он таваљљуњи махсус зоњир намуда мешавад. ЊХДТ њамкориро бо маќомоти ваколатдори соња ва федератсияву љамъиятњои варзишї тавсеа бахшида, барои ташаккули варзиши касбї ва камолоти варзишгарон дар њамаи навъњои он мусоидат менамояд.

7.1. Дар самти сиёсати љавонон

ЊХДТ дар доираи фаъолияти худ љињати боз њам бењтар намудани шароити иљтимої ва зисту зиндагонии љавонон, паст кардани сатњи бекорї, пешгирии зуњуроти номатлуб дар байни онњо ва вайроншавии оилањои љавон тадбирњои мушаххасро амалї намуда, бо љалби мустаќими буљети давлатї ва маблаѓгузорињои ѓайрибуљетї барои љавонон шароити мусоид фароњам меорад.

ЊХДТ талош меварзад, ки ба маълумотнокии љавонон эътибори махсус зоњир карда, барои баланд бардоштани савияи дониши онњо аз тамоми зинањои маълумот самаранок истифода намояд. Бахусус, аз тадбирњое истифода бояд кард, ки дастрасии љавонон ба технологияњои нави иттилоотї ва коммуникатсионї осон сурат гирад ва имконпазир бошад.

Њизб фарњанги сиёсї ва маърифати њуќуќии љавононро густариш дода,  бањри дарёфти роњњои  муассир ва намунавии онњо чораљўї  карда мешавад. Зеро дар шароити мустаќилияти комили давлатї, бунёди љомеаи воќеан њам њуќуќбунёд ва равандњои имрўзаи љањонї ин масъалањо маќоми афзалиятнокро ба худ касб менамоянд.

ЊХДТ “Сиёсати рўй овардан ба љавонон” – ро, ки яке аз самтҳои асосии марҳалаи имрўзаи рушди давлатдории миллї мањсуб мешавад, тавсеа бахшида, дар роҳи расидан ба ин ҳадаф барои ҳарчи беҳтар гардонидани шароити рушди маънавию ахлоқӣ, таҳсил ва кору фаъолияти ҷавонон тадбирњо меандешад. Дар ин раванд  бояд дар зеҳну шуури насли наврас ва ҷавонони мамлакат ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, меҳнатдӯстӣ ва риояи волоияти қонунро тарбия намоем, то онҳо дар оянда ҳамчун фарзандони шоиста кору пайкори насли имрӯзаро идома бахшида, Ватани азизамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда тавонанд.

Дар ин росто, ЊХДТ љавононеро, ки ба Ватан ва халќу миллат содиќона хизмат мекунанд, ба вазифањои роњбарикунанда пешбарї намуда, ба сиёсати љавонон њамеша афзалият хоњад дод.

Заминањои меъёрии њуќуќї дар самти ташаккули фарњанги сиёсї, маърифати хуќуќї, тарбияи ватандўстї ва густариши худшиносии миллии љавонон якљо бо маќомоти ваколатдори соња - Кумитаи кор бо љавонон ва варзиши назди Њукумати Љумњурии Тољикистон, Ташкилоти љамъиятии љавонон “Созандагони Ватан” ва Иттифоќи љавонони Тољикистон таќвият дода мешаванд.

ЊХДТ минбаъд низ нерўи зењниву ташкилотчигии љавононро дар корњои созандаи илмиву эљодї ва роњбарї сафарбар карда, љињати ба роњ мондани таблиѓи ѓояњои ватандўстї, худшиносии миллї, тањаммулпазирї, аз худ кардани ахлоќи њамидаи инсонї, љањонбинии демокративу дунявї, тањкими вањдат ва суботи љомеа талош хоњад варзид.

Ташаббусњои љавононро дар самти амалишавии самараноки сиёсати давлатии љавонон дастгирї намуда, минбаъд барои ташаккул додани фаъолгардонии љамъиятии љавонон шароит фароњам хоњад овард.

ЊХДТ ба муќаддасоти миллї, арзишњои маънавї, забони модарї, таъриху фарњанги ќадима, дастовардњои истиќлолияти давлатї њамеша арљ гузошта, бо љалби нерўи љавонон љињати бунёди љомеаи пешрафта ва мутамаддини шањрвандї, истифодаи имкониятњо дар самти рушди љомеаи шањрвандї ва татбиќи рукнњои дигари демократї дар ин замина бо усулњои муосири таъсиррасонї корњои таблиѓотиро амалї мегардонад.

ЊХДТ мусоидати љавононро љињати њифзи Ватан, њамкорї бо маќомоти њокимияти давлатї дар њалли масъалањои соњаи маориф, мубориза алайњи љинояткорї ва нашъамандї, пешгирии њолатњои ифротгарої, ташаккули арзишњои ахлоќиву маънавии љавонон љонибдорї мекунад.

ЊХДТ кўшиш менамояд, ки дар панљ соли минбаъда љавононро њамчун нерўи воќеии роњбарикунанда муаррифї карда, сањми назарраси онњоро дар рушди њамаи соњањои хољагии халќ таъмин намояд.

ЊХДТ дар бахши сиёсати љавонон татбиќи чорањои зеринро муњим мешуморад:

  • таъмини иљтимоии љавонон ва њифзи баробари њуќуќу манфиатњои онњо;
  • мусоидат дар иштироки фаъолонаи љавонон дар њаёти сиёсї, иќтисодї ва иљтимоии љомеа;
  • фароњам овардани заминаи илмию амалї ва идории сиёсати давлатии љавонон дар самти дастгирии ташаббусњои созанда ва барномањои соњибкории љавонон;
  • љалби сарчашмањои иловагї љињати таъмини бо шуѓл фаро гирифтани љавонон ва ташаккули афкори тарзи њаёти солим;
  • мусоидати амалї дар мустаќилияти иќтисодии љавонон.

7.2. Дар самти варзиш ва тарбияи љисмонї:

ЊХДТ барои љавонон тавассути оммавигардонии варзиш, таблиѓи тарзи њаёти солим, омода намудани варзишгарони касбї, аз љумла њама навъњои варзишњои олимпї аз тамоми имкониятњои мављуда истифода мебарад ва ба љалби њарчи бештари љавонон ба мусобиќањои варзишї диќќати аввалиндараља медињад ва тавассути воситањои ахбори омма тарѓибу ташвиќи варзиш ва тарзи њаёти солимро васеъ ба роњ мемонад. Бунёди иншоот ва майдончањои варзишї дар тамоми шањру ноњияњо, аз љумла дар ноњияњои дурдаст ба роњ монда шуда, мавриди бањрабардории шањрвандони љумњурї ќарор дода мешавад.

Бо маќсади рушду инкишофи варзиши зимистона дар мамлакат ва њамзамон бо ин, омода намудани љавонону наврасон ба ин навъи варзиш дар манотиќи кўњистони кишвар маркази варзишї бунёд гардида, барои иштироки љавонон дар мусобиќањои сатњи минтаќавию байналмилалї, аз љумла дар бозињои олимпии зимистона шароит муњайё карда мешавад.

ЊХДТ варзишро њамчун яке аз омилњои муассири тарбия ва муаррифии шоистаи кишвар дар арсаи байналмилалї эътироф намуда, варзишгаронро, ки бо иштироки фаъолона соњиби љоизањои олимпї ва байналмилалї мегарданд, дастгирї менамояд ва барои љалби сармояи иловагї бо маќсади бунёди толору майдончањои варзишї талош мекунад.

 

VIII. БАХШИ СИЁСАТИ ХОРИЉЇ

ҲХДТ Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар меҳвари он усули баробарӣ ва дӯстӣ бо њамаи кишварҳои ҷаҳон қарор дорад, ҷонибдорӣ мекунад. Дар ин замина ҲХДТ талош мекунад, ки бо идома додани сиёсати пайгирона дар ин самт муносибатҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мутобиқ ба меъёр ва тақозои тамоюлоти ҷаҳони муосир ба сатҳи сифатан нав бардорад.

Идома додани ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо кишварҳои дуру наздик ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, ширкати муассир дар барномаҳои таъмини амнияти умумии кишварҳои Иттињоди Давлатњои Мустаќил ва шарикони стратегӣ ҷиҳати таъмини ҳадафҳои миллии Тоҷикистон бояд дар авлавияти сиёсати хориҷии кишвар қарор дошта бошад.

Самти дигари афзалиятноки сиёсати хориҷӣ бояд таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ бошад. Хусусан, тамоюлҳои мусбат касб намудани сиёсати хориҷии кишварҳои ҳамсояи мо барои рушди бештари ҳамкориҳо шароити мусоид фароњам овардааст, ки ин имкони мусоид бояд ҷиҳати рушди ҳадафмандонаи тавсеаи ҳамкориҳо истифода бурда шавад.

Барномаи рушди иќтисодии кишвар, беҳтар намудани сатҳи некўаҳволии сокинон, иҷрои тарҳҳои бозсозӣ тақозо мекунад, ки рушди муносибатҳо бо созмонҳои байналмилалӣ ва муассисаҳои байналмилалии молиявӣ дар меҳвари сиёсати хориҷии мамлакат қарор дошта бошад. ЊХДТ рушди муносибатҳоро дар ин замина барои иҷрои ду барномаи муҳимми бо ташаббуси Ҷумњурии Тољикистон доиршаванда, аз ҷумла Конфронси СММ доир ба Шарҳи миёнамуҳлати фарогири ҷараёни татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028, ки қарор аст 22-24 марти соли 2023 доир шавад ва иҷлосияи Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати мусоидат ба татбиқи ҳадафу вазифаҳои марбут ба захираҳои обро дар моҳи марти соли 2021 бисёр муҳим мењисобад.

Сиёсати «дарҳои кушода» аз дастовардҳои муҳимми Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол дониста мешавад ва ҲХДТ аз идомаи сиёсати хориҷии мутавозин бо кишварҳои дунё, созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ истиќбол мекунад.

ЊХДТ марњилаи нави пурмасъулияти сиёсати хориљии Љумњурии Тољикистонро дастгирї ва пешбарї менамояд. Дар марњалаи кунунї кишвари мо бо маќсади вокуниши сариваќтї ба тањдиду хатарњои љањонї дар раванди ташаккули муносибатњои дохилї ва хориљї тадбирњои муассир меандешад.

Дар ин маврид барои таќвияти равандњои созандаи њамгироии бештар бо љомеаи ҷањон ва минтаќа, сохторњои байналмилалї ва минтаќавї, инчунин ба роњ мондани њамкорињои фарогир кўшишњои њамаљониба анљом хоњанд гирифт.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд талошҳои худро ҷиҳати муборизаи мақсаднок ва натиҷабахш бо хатару таҳдидҳои минтақавии муосир, зуҳуроти номатлуби ифротгароӣ ва терроризм бо шарикони стратегии худ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ идома диҳад.

ЊХДТ дар самти татбиқи сиёсати хориҷї иљрои ҳадафҳои зеринро қобили қабул медонад:

  • пешбурди дипломатияи пешгирикунанда њамчун омили муњимми устуворгардонии мубориза бо густариши љараёнњои террористї ва экстремистї;
  • ривољи муколамањо бо маќсади таъмини амният ва устуворї дар Осиёи Марказї, аз љумла бо такя ба инкишофи механизмњои ИДМ, СЊШ ва САЊА. Густариши њамкорињои дастаљамъї бар зидди тањдиду хатарњои глобалии муосир дар минтаќа;
  • тањкими механизмњои њамкорї байни Њукумати Љумњурии Тољикистон ва шарикони рушд тавассути истифодаи таљрибаи пешќадами раванди Њамкорињои глобалї оид ба њамкории самарабахш барои рушд (ЊГЊСБР);
  • иќдому кўшишњо дар њалли масъалаи истифодаи оќилонаи захирањои обї, аз љумла бо такя ба меъёрњои њуќуќи байналмилалї ва љалби созмонњои байналмилалї дар амалисозии лоињањои мушаххаси бисёртарафа дар пешгирии талафот аз таѓйирёбии иќлим, омўзиши пиряхњо, таъмини фаъолиятњои дастаљамъї дар доираи Дањсолаи байналмиллалї “Об барои рушди устувор”, бартараф намудани бўњрони њавзаи Арал;
  • устуворгардонии низому воситањои пешбурди дипломатияи иќтисодї њамчун омили ривољи алоќањои тиљоратию иќтисодї фароњам овардани шароити муфид барои афзоиши савдои хориљї ва устуворгардонии кооператсияи истењсолї, љалби сармоя.

 

ХУЛОСА

ЊХДТ барномаи амали мазкурро, ки метавонад рушди устувори кишварро дар марњалаи солњои 2020-2025 таъмин карда, тамоми заминањои воќеиро барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум муњайё месозад, пешнињод менамояд.

Њизби Халќии Демократии Тољикистон дар эъмори давлати демократї, дунявї ва иљтимоии Тољикистон, њифзи истиќлолият ва дастовардњои он,  фароњам овардани саодати халќ, њифзи њуќуќ ва озодињои шањрвандон ва њамватанон дар тўли чањоряк аср талош дорад. Тољикистонро њамчун як љузъи љомеаи љањонї муаррифї намуда, дар асоси консепсияи сиёсати хориљии давлат усули баробарї, дўстї, таќвияти њамкорињои дуљониба ва бисёрљонибаи иќтисодиро бо њама кишварњои љањон ба роњ мондааст ва минбаъд низ ин сиёсатро дастгирї ва идома медињад. Тољикистон дар риояти њамаи уњдадорињои байналмилалї кўшиш дорад ва дар навбати худ аз љомеаи байналмилалї умедвор аст, ки барои амнияти сайёра талош хоњанд варзид.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки Њизби Халќии Демократии Тољикистон бо дастгирии мардуми шарифи кишвар ва тањти сарварии хирадмандонаи Раиси Њизби Халќии Демократии Тољикистон, Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ба татбиќи ин њадафњои барномавї ноил гардида, кишвар ва мардуми шарафманди Тољикистонро ба сўи арзишмандтарин хостањои миллї зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!», аз љумла рушду тањаввули иќтисодиёт, татбиќи чор њадафи таќдирсози стратегии давлат – истиќлолияти энергетикї, амнияти озуќаворї, рањої аз бунбасти коммуникатсионї ва саноатикунонї, ки нињояти он  расидан ба  зиндагии шоиста мебошад, рањнамої мекунад.

Мо аз шањрвандони кишвар, аъзои ЊХДТ ва онњоеро, ки њар пораи хоки ин Ватан барояшон азизу муќаддас аст, даъват менамоем њамроњи мо бошанд, афкори сиёсии њизби моро дастгирї намоянд ва муњимтар аз њама барои бунёди давлати демократї, муќтадир, тавоно ва шукуфони Тољикистони мањбуб њиссагузор бошанд.