САФАРБАРКУНИИ ҶАВОНОНИ ИХТИЁРӢ БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ КИШВАР БО ТАНТАВУ ШОДИИ МОДАРОН

Кушониён: Созандагони ватан  

Рӯзи 1 октябри соли 2022, бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 2022, №451 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” бо иштироки роҳбарияти ноҳия, кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳия, комиссариати ҳарбӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва падару модарон чорабинии тантанавии “Рӯзи даъватшаванда" бо гусели 110 нафар ҷавонони ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар баргузор гардид.

Раиси ноҳия муҳтарам Вализода Икромиддин Сироҷиддин ба ҷавонони ғаюру баномус баҳри адои содиқонаи хизмати ҳарбӣ сарбаландӣ, тансиҳатӣ ва некномӣ таманно карда, ба падару модаронашон изҳори миннатдорӣ баён намуданд. Сипас, якчанд собиқадорони ҷангу меҳнат, волидони даъватшавандагон ва ҷавонони сафарбаршаванда баромад намуда, миннатдории худро ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои шароити мусоид фароҳам овардан ва дастгириҳои пайваста баён намуданд. Ҷиҳати ҳавасмандии ҷавонони сафарбаршаванда, ба онҳо шаҳодатномаҳои хатми курси ронандагӣ ва кафшергари барқӣ супорида шуд.

Дар фарҷом кормандони шуъбаи фарҳанги ноҳия бо барномаи рангини ҳунарӣ хотири иштирокчиёни чорабиниро болида гардонида, бо тантанаву сурур ҳамроҳи модарон сарбозонро гусел намуданд.