ХИЗМАТИ ҲАРБӢ МАКТАБИ МАРДОНАГИСТ

Кушониён: Созандагони ватан  

Ҷавонон нерӯи тавонои созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишварамон маҳсуб меёбанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ ҷаҳонбинӣ ва назару андешаи ҷавонон пешрафта, имрӯз гуфтору рафтор, одобу ахлоқ ва муносибати онҳо ба зиндагӣ беҳтар гардида, дар корҳои давлатию ҷамъиятӣ саҳми арзишманд гузошта истодаанд.

Яке аз масъалаҳои муҳими ҷавонон хизмат дар сафи Артиши миллӣ мебошад. Муҳофизати Ватан қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавонмарди комилҳуқуқи Тоҷикистон аст. Таъмини амнияти саросарии кишвар, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, ба эътидол овардани вазъи дохилии мамлакат, пуштибони аз сулҳу амният ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд маҳз ба хизмати софдилонаю ватандӯстонаи ҷавонони мо вобастагии калон дорад.

Бо ҳамин мақсад мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Собиров Далер ва мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён Гадоева Дилфуза дар якҷоягӣ бо волонтиёрони ТҶҶ “Созандагони Ватан” ҳамоиш доир ба сафарбаркунии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар маркази ноҳия аксия таҳти унвони “Ба хизмати Модар-Ватан омодаем” баргузор намуданд.