Кӯшониён: Мақола. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зимни фаъолияти худ дар доираи талаботу муқаррароти Оинномаву Барномаи ҳизб масъалаҳои дохилиҳизбиро ҳаллу фасл карда, сафҳои худро зиёд намуд, инчунин ҷиҳати ташкили корҳои ободонию созандагӣ ташаббусҳои ҳизбиро амалӣ намуда истодааст.
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён фаъолияти худро дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ мондааст.
Мавриди зикр аст, ки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён бо такя ба ташаббусҳои созандаи ҳизбӣ фаъолият намуда, дар самтҳои баргузории мулоқоту вохӯриҳо, қабул ба сафи ҳизб, кӯмак ба маъюбон ва ниёзмандон, аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем”, интишори маводҳо, ташкили хоҷагии ёрирасон, фаъолияти волонтёрӣ ва монанди инҳо фаъолият намуда, ба натиҷаҳои беҳтарин ноил шуда истодааст.
Чунин ташаббусҳои созандаи ҳизбӣ, ки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба нақша гирифтааст, дар ҳаёти ҳизбиён дигаргуниҳои азим ва пешравиҳои назаррасро ба вуҷуд овард.
Махсусан, тайи ду соли охир яке аз механизмҳои муосири ҳавасмандгардонӣ “Рейтинги ҳизбӣ” байни кумитаҳои иҷроия ва кормандони дохилиҳизбӣ ҷорӣ карда шудааст, ки фаъолияти ҳизбиро тақвият бахшида, самараи хуб ба бор оварда истодааст.
Бояд қайд намуд, ки рейтинги ҳизбӣ намуди баҳогузорӣ барои такмили дониш, иҷрои саривақтии уҳдадориҳо, бедор намудани завқу рағбат ба фаъолияти касбӣ ва иҷрои пурмаҳсули вазифаҳо ва ҳаракат кардан барои пешсафӣ мебошад.
Рейтинги ҳизбӣ махсусан ба фаъолияти дохилиҳизбии кормандон таъсири калон гузошта, онҳоро нисбат ба пештара чандин маротиба фаъол ва пешсаф намудааст. Бо таъсири ин механизми муосир дар Кумитаи иҷроияи ноҳияамон нишондиҳандаҳои фаъолияти кормандон ба таври мусобиқа ба маротиб пеш рафта истодааст.
Бо таъсири рейтинг қабул ба сафи ҳизб хеле беҳтар гашта, дар як моҳ то 150 нафар қабул карда шуданд, ки шумораи аъзои ҳизб дар ҳашт моҳи соли равон 755 нафар зиёд гардид.
Дар амалиёти умумивилоятӣ зери унвони “Рӯзи ёдоварӣ” аз ба тартиб даровардани оромгоҳҳо, аз алафҳои бегона ва партовҳо тоза намудан дар ҳудуди 8 ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ҳар охири моҳ ба роҳ монда шуда, мардум фаъолона дар он иштирок менамоянд.
Дар самти интишори маводҳо низ фаъолияти кормандон беҳтару хубтар гардида, вокунишҳо, мақолаҳо ва андешаҳои онҳо дар мавзуъҳои мубрами рӯз пайваста ба табъ мерасанд, ки пеш аз рейтинги ҳизбӣ бо ҳар баҳона миқдори ками кормандон пайи эҷоди чунин маводҳо буданд.
Умуман бо роҳандозӣ гардидани рейтинги ҳизбӣ рақобат байни кумитаҳо ва кормандон ба вуҷуд омад, ки қариб аксарияти ташаббусҳои созандаи ҳизбӣ амалӣ гардида, ба муваффақияту пешравиҳо соҳиб гардиднм. Дар натиҷаи ҷамъбасти шашмоҳаи фаъолияти корӣ дар миқёси вилоят ҷойи сеюмро ноил гардидем.
Тайи ду сол аст, ки кормандонамон ҳавасманд гардонида шуда, аз тарафи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба мавзеъҳои сайёҳии Искандаркӯл, Сафеддара, ноҳияҳои Ҷ. Балхӣ, Дӯстӣ, Носири Хусрав (Чилучорчашма), минтақаҳои Балҷувон, Ховалинг, Мӯъминобод (Чилдухтарон) ва Кӯлоб саёҳат намуда, аз мавзеъҳои таърихӣ, фарҳангӣ, бостонӣ ва фароғатӣ дидан намуданд.
Ҷорӣ намудани ташаббусҳои созанда ва рейтинги ҳизбӣ дар тамоми кумитаҳои иҷроияи ҳизбии ҷумҳурӣ ҷиҳати фаъолияти пурсамар болоравии мақоми ҳизб дар ҷомеа ва нуфузи ҳизб саривақтӣ буда, ба манфиати фаъолияти ҳизбӣ мебошад.
Бояд қайд намуд, ки маҳз рейтинги ҳизбӣ имконият дод, ки айни замон нишондиҳандаҳои сифатии фаъолият ташаккул ёфта, кормандони ҳизбӣ ҷиҳати ба зинаҳои боло саъю талош намоянд.
Ҳакимзода М. Ш., раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар нохияи Кӯшониён