Мо - ҷавонон зиракии сиёсиро аз даст намедиҳем!

Қубодиён:  

Ҳамлаи навбатӣ ва аҳдшиканонаи қирғизҳо, ки субҳи рузи 16 сентябри соли 2022 ба минтақаи Ворух ва дигар минтақаҳои сарҳадӣ бо ин ҳамсоя сурат гирифт аз тарафи мардони бонангу номуси ватан баргардонида шуд ва талафоти зиёд ба душман расид. Борҳо шикастани паймон аз ҷониби қирғизҳо баёнгари заъфи ҳокимияти сиёсӣ, паст будани фарҳанги давлатдорию ҳамсоядорӣ ва қобили эътимод набудани онҳост. Истифодаи силоҳҳои вазнини ҷангӣ, аз қабили ҳавопаймоҳои бесарнишин дар минтақаҳои аҳолинишини кишвари мо аз ҷониби қирғизҳо ҷой доштани ҷаҳлу зулм ва ҳадафҳои палидро дар фарҳанги сиёсии кунунии онҳо баён мекунад.

Гарчанде, аввалин шуда ҷониби қирғиз ба хоки ватани мо ҳуҷум оварда, ба мардуми осоишта талафоти ҷонию молӣ расонда бошад ҳам, вале дастгоҳҳои иттилоотии онҳо ҷониби Тоҷикистонро айбдор мекунанд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои гуногун сохта, мардумашонро бар зидди мо мешӯронанд. Мутаассифона, дастгоҳҳои иттилоотии душманон ҳар лаҳза ин хабарҳоро нашр карда, ба ин восита оташи ҷангро аланга мезанонанд.

Аз ин лиҳоз ҳар яки моро лозим аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, бо дарназар гирифтани меёрҳои инсонӣ, умумибашарӣ ва фарҳанги ҳамсоядорӣ зиндагӣ кунем ва барои ҳифзи суботу осоиштагӣ талош намоем

Шарифзода Муҳаммадҳусайн, мудири бахши кор бо ҷавонони К И ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён