Бо ташаббус ва дастгирии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллозода Ваҳобиддин бахшида ба 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон дар доираи аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” дар деҳаҳои Чорбоғ, Миршикор ва Зиракии Ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзов доир гардид.
Дар чорабинии ҳизбӣ мардуми ин деҳаҳо фаъолона иширок карда, пули мошингузарро, ки масоҳати умумии он ба 70 м2 ташкил медиҳад. сохта рӯзҳои наздик ба истифода дода месупоранд.
Зимни суҳбат бо сокинон кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб вобаста ба роҳандозӣ намудани корҳои созандагиву ободонии ҳар гӯшаи диёр дар доираи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба саҳми иштирокдорон расонид.
Бояд қайд кард, ки маъракаи созандагӣ дар ноҳияи Қубодиён бо маром идома ёфта, мардуми шарифи ноҳияи бостонии Қубодииён суханони Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ дониста, барои ободонии мамлакати азизамон камари ҳиммат бастаанд.