Вохӯрӣ дар ташкилоти ибтидоӣ

Қубодиён:  

Санаи 22-юми сентябри соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фарҳангчиён” бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Мардонов Ф, мудири бахши кор бо занони матбуоти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Хаимова М  вохурӣ баргузор гардид. Масъулини Кумитаи иҷроия дар рафти вохурӣ аз мақсаду маром, ҳадафҳои Барномавӣ ва Оинномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатнигорӣ суханрони намуда оиди дастовардҳои даврони  31 соли Истиқлолият, кишти такрорӣ, захираи хӯрока, тарбияи дурусти фарзандон, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, пешгирии ҷавонон аз ҳизбҳои ифротӣ ёдовар шуданд.