Рушди маҳорату малакаи инсонӣ, бедор намудани ҳисси масъулиятшиносӣ ҷиҳати саҳмгузорӣ дар рушду ободии Ватан ва таҳрики неруи зеҳнӣ ба ташаббусҳои созандаву навовариҳо ба хотири ояндаи дурахшони Тоҷикистон аз мавзӯъҳои муҳиму мубрами имрӯзи ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Зеро дар марҳилаи рушди устувори давлатдорӣ, ки таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат Ҷумҳурии Тоҷикистон чун кишвари ташаббускор дар ҳалли масоили глобалии сайёра нақши пешоҳангӣ дорад, ҳар фарди худогоҳ ҷиҳати ободониву пешрафту созандигиҳои Ватани худ бояд навовару ташаббускор бошад.
Пӯшида нест, ки маҳорати навовариву ташаббускориҳо аз қобилиятҳои фитрӣ ва ҳам тарбияи инсон вобастагӣ дорад. Яъне, маҳорат ба маънии қобилият, аз қобилияти модарзодист, ки шахс барои иҷрои чизе майлу иродаи табиӣ дорад. Ҳамчунин, қобилият ё малакаи тавассути амалия ва таҷриба ба даст омада, маҳорати шахсро ба дараҷаи олӣ баланд мебардорад. Аммо фароҳам набудани имкониятҳои таҷриба ва амалисозиҳо ба рушди маҳорати табиии инсон монеъ мешавад. Чаро ки малака –қудрати иҷро намудани амале танҳо бо василаи машқу такрор дар зеҳну замири инсон ҷой мегирад.
Ба андешаи мутафаккирон муҳимтарин омили таҳрики инсон ба ташаббускориҳо, ин ташаккули шавқу рағбати ӯст. Чаро ки неруҳои зоҳириву ботинии инсон аз зуҳуроти шавқ маншаъ мегирад. Шавқ дар навбати худ аз муносибати мусбат ва хушбинӣ ба фаъолият, дарёфти шахси идеалӣ, дарки бошууронаи аҳамияти илм дар амал, майлу талоши инсон ба хотири дониши асрори олам ва кашфу эҷодиёт пайдо мешавад.
Биноан, бидуни шавқ инсон натанҳо ба ҷойе нарасад, балки умре ба сар бурдаву мафҳуми зиндагиро дарк нахоҳад кард. Зеро, сиришти инсон аз обу хок таркиб ёфта, ин ду унсури табиӣ майл ба пастӣ доранд. Яъне, об ҳамеша сӯи пастиҳо ҷорӣ аст ва хок аз он дида тиннати пастӣ дорад, ки дар об такшин шавад. Аммо чун реша дар хок биафтид, об тавассути он сӯи Таоло авҷу нумӯъ кард, ки сарсабзиву шукуфоиҳо ба бор овард.
Пас, шавқ монои ҳамон реша дар замири инсон аст, ки боиси майлу рағбат ва саъю талош дар кору зиндагӣ гардида, моро ба муваффақияту хушбахтиҳо ва саодати зиндагӣ мерасонад. Тавре Алома Иқбол фармудааст:
Шарори шавқ агар дорӣ, нигоҳ дор,
Ки бо вай офтобе метавон кард.
Ҳамакнун, навовариву ташаб-бускорӣ, ки аз меъёрҳои муҳими фаъолияти инсон дар корҳои ҷамъиятӣ ба хусус, кору пайкори ҳизбӣ арзёбӣ мегардад, ҳар як узви ҳизб, аз масъулони кумитаҳои иҷроия ва ташкилотҳои ибтидоӣ то узви қатории ҲХДТ бояд бо навовариву ташаббусҳои созанда пайрави содиқи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон будани худро собит намояд. Албатта, барои навовариву ташаббускорӣ дар мадди аввал тарғибу ташвиқ ва амалӣ гардидани 28 ташаббусҳои созандаи КИ ҲХДТ мебошад, ки то имрӯз роҳандозӣ гардидааст.
Ҷамолиддин УСМОНИЁН,
“Ҳамрози халқ”