Маросими кушодашавии мусобиқаҳои варзишӣ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

МУЪМИНОБОД

Дар асоси нақша - чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод вобаста ба баргузории чорабиниҳои варзишӣ аз ҷониби намояндагии Ташкилоти ҷаъмиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” – и вилояти Хатлон бахшида ба 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони марказии ноҳияи Муъминобод маросими кушодашавии мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯйи намудҳои волейболбозӣ, шоҳмот ва шашка, вазнбардорӣ, инчунин “Рассоми беҳтарин” миёни дастаҳои гуногуни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия доир гардид.
Дар маросими кушодашавии мусобиқаҳои варзишӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода, раиси ноҳияи Муъминобод, Шарифзода Лутфия Шариф, роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар вилояти Хатлон Меъроҷ Ғуломов, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи  Муъминобод Мирзобаротзода Салоҳиддин ва намояндагони дигар ташкилоту муассиаҳои ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Иброз карда шуд, ки имсол мардуми сарбаланди тоҷик бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ва осоиштагии Меҳан 31-умин солгарди бузургтарин дастоварди миллӣ – Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои беназир таҷлил намуда истодаанд. Маҳз сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллат аст, ки мо имрӯз дар як фазои орому осуда умр ба сар мебарем ва дар ҳамбастагӣ миёни сокинон ба хусус ҷавонон чунин мусобиқаҳои варзиширо доир менамоем.

Ҳамчунин, таъкид карда шуд, ки вазъи ноороми ҷомеаи ҷаҳонӣ тақозо менамояд, ки мо – ҷавонон илмҳои замони муосирро аз худ намуда, кӯшиш намоем, ки дар мусобиқаҳои сатҳи баланд иштирок намуда, парчамбардори ин Ватан бошем. Талош намоем, ки рӯҳану ҷисман баҳри ҳимояи ин сарзамин омода бошем ва нагузорем, ки нохалафе осудагии моро халалдор созад.

Кӯлоб

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар толори варзишии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб чорабиниҳои гуногуни варзишӣ, аз қабили “Волейбол”, “Вазнбардорӣ”, “Шашка”, “Шоҳмот” ва озмуни ҳизбии “Рассоми беҳтарин” миёни ҷавонону наврасони муассисаҳои таълимии шаҳр бахшида ба 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор карда шуд.
 

Зимни ҳамоиши мазкур Меҳроҷ Ғуломов – мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, ҳамзамон роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар вилоят, Шарифзода Гулрухсор –раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, Шоинов Ҳасан – узви Кумитаи иҷроия ҳизб, саромӯзгори ДДК ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
 

Дар чорабинӣ аз ҷумла Меҳроҷ Ғуломов қайд намуд, ки ба хотири оммавигардонӣ ва ҷалби насли наврасу ҷавонон ба варзиш, пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ ва дастгириву ҳавасмандгардонии онҳо ҳамоиши мазкур роҳандозӣ карда шуд. Инчунин, гуфта шуд, ки яке аз фаъолияти асосӣ ва меҳварии ҲХДТ – ро кор бо ҷавонон ташкил дода, дар ҳама ҷабҳаҳо насли ояндасози кишвар дастгирӣ карда мешаванд.
Ҳамзамон, дигар ширкаткунандагон ибрози назар намуда, баргузории чунин чорабиниҳои бошукӯҳро саривақтӣ ва нақши онҳоро ҷиҳати дар рӯҳияи меҳанпарастӣ тарбия ёфтани насли наврасу ҷавон муҳим ҳисобиданд.

 

Дар интиҳо, дар фазои тантанавӣ нафароне, ки дар чорабинии мазкур саҳми арзанда гузоштанд, бо сипосномаҳо ва иштирокчиёни фаъоли мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ бо туҳфаҳои хотиравии таъсисдодаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб  қадршиносӣ гардиданд.