ТАТБИҚИ ТАҶРИБАИ ХАТЛОН ДАР САТҲИ ҶУМҲУРӢ

КИВ:  

 Ҳафтаи сипаригардида бо роҳнамоии Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ дар бораи татбиқи Рейтинги ҳизбӣ дар фаъолияти кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо (аз таҷрибаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон) аз 14.09.2022, №104 Фармоиши Муовини якуми Раиси ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба тавсиб расид, ки он татбиқи Рейтинги ҳизбиро ҳамчун механизми нав, инноватсионӣ, пешрафта ва технологияи иттилоотӣ дар фаъолият, зимнан тарзу услуби нави кори ҳизбӣ ва таҳкимбахши василаҳои идоракунӣ ва тақвиятдиҳандаи иқтидори зеҳнию амалии сохторҳои ҳизбӣ дар самти татбиқи босамари ҳадафҳои идеологӣ ва ҳамқадамӣ бо ҷомеаи муосир мақсад (асос) гузоштааст.
 Тибқи ин Фармоиш ҳамаи кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо муваззаф гардиданд, ки таҷрибаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлонро оид ба татбиқи Рейтинги ҳизбӣ дар фаъолияти худ амалӣ намоянд.

 

Рейтинги ҳизбӣ, дар натиҷаи таҷрибаи он дар фаъолияти сохторҳои ҳизбии вилояти Хатлон дар муҳлати якуним соли охир (аз апрели соли 2020) самаранокӣ ва аҳмиятнокии худро бараъло нишон дода, боиси сарфарозист, ки он имрӯз аз ҷониби роҳбрияти Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ барои татбиқ дар сатҳи ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор дорад. Маҳз Рейтинги ҳизбӣ имконият дод, ки имрӯз нишондиҳандаҳои сифатии фаъолият дар вилояти Хатлон аз нав ташаккул ёфта, рушди устувор касб намоянд.
 

Боиси зикр аст, ки Рейтинг – намуди баҳогузории дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта мебошад, ки иҷрокунандаро барои ба сатҳи нави коргузорӣ боло баромадан маҷбур месозад, аз ҷумла барои такмили дониш, иҷрои саривақтии уҳдадориҳо, бедор намудани завқу рағбат ба фаъолияти касбӣ ва иҷрои пурмаҳсули вазифаҳо ва ҳаракат кардан барои пешсафӣ.
 

Нишондиҳандаҳои Рейтинги ҳизбӣ дар ду сатҳ ба ҳисоб гирифта мешаванд, 1) электронӣ ва ё маҷозӣ дар сомонаи расмӣ 2) анъанавӣ.
Нишондиҳандаҳои маҷозӣ аз 7 адад иборат буда, маълумоти дахлдори оморӣ ҳар моҳ аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар сомонаи расмӣ ворид карда шуда, натиҷаи он бо суроғаи - https://hkhdtkhatlon.tj/view-rating.php интишор мегардад.
Нишондиҳандаҳои анъанавӣ бошад, ба теъдодои 4-5 адад, ба мисоли иҷрои буҷет, фаъолияти хоҷагидорӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва ё обуна ҳар семоҳа мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Натиҷаҳо, зимни ҳисоботи даврӣ дар шакли брошюра ва дар шакли электронӣ дар сомона интишор мегарданд.

 

Рейтинги ҳизбӣ дар таҷрибаи вилояти Хатлон аз рӯи якчанд нишондиҳанда роҳандозӣ гардидааст: (1) таносуби аъзогӣ; (2) таҳкими узвият; (3) қабули аъзо; (4) коргузорӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ; (5) ташаббусҳои ҳизбӣ; (6) интишори мавод ва вокунишҳо; (7) маҳорати идоракунӣ; (8) тарбияи ватандӯстӣ ва шуҷоатмандии ҷавонон; (9) иҷрои буҷет; (10) хоҷагии ёрирасон; (11) тарбияи ҳуқуқии ҷавонон; (12) обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ. Татбиқи Рейтинги ҳизбӣ ба чор марҳила ҷудо мешавад, ки ду марҳилаи он аллакай роҳандозӣ гардид.
 

Марҳилаи 1-ум - «Анъанавӣ» – арзёбӣ, баррасӣ ва баҳогузории фаъолияти кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳоро ҳар семоҳа фаро мегирад, ки ба ахбороти хаттии омории сохторҳои ҳизбӣ асос ёфта, аз ҷониби дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба амал бароварда мешавад; ин марҳила аллакай, анҷом ёфт.
 

Марҳилаи 2-юм - «Рақамӣ» – арзёбӣ, баррасӣ ва баҳогузории фаъолияти кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳоро ҳар моҳ фаро мегирад, ки ба ахбороти электронии омории сохторҳои ҳизбӣ асос ёфта, аз ҷониби кормандони масъули кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо бевосита ба амал бароварда мешавад, маълумотҳо мустақилона дар сомонаи расмӣ ҳар аввали моҳ барои моҳи гузашта ворид карда мешавад; ин марҳила ҷараён дорад.
Марҳилаи 3-юм - «Анъанавӣ» – арзёбӣ, баррасӣ ва баҳогузории фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳоро ҳар семоҳа фаро мегирад, ки ба ахбороти хаттии омории ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ аз рӯи 4 нишондиҳанда - (1) таносуби аъзогӣ; (2) қабули аъзо; (3) пардохти ҳаққи узвият; (4) ташаббусҳои ҳизбӣ – асос ёфта, аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо ба амал бароварда мешавад; ин марҳила оғоз ёфта истодааст.

 

Марҳилаи 4-ум - «Рақамӣ» – арзёбӣ, баррасӣ ва баҳогузории фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳоро ҳар моҳ фаро мегирад, ки ба ахбороти электронии омории ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ асос ёфта, аз ҷониби масъулони ташкилотҳои ибтидоӣ бевосита ба амал бароварда мешавад, маълумотҳо мустақилона дар сомонаи расмӣ ҳар аввали моҳ барои моҳи гузашта ворид карда мешавад; ин марҳила ҳамчун дурнамо муқаррар шудааст.
 

Таҷрибаи татбиқи Рейтинги ҳизбӣ дар фаъолияти сохторҳои ҳизбии вилоят дар воқеъ ба як механизм ва ё системаи такондиҳанда ва гардишдиҳандаи фаъолият, шавқангезанда ва ҳавасмандсозандаи рақобатпазир табдил ёфта, муваффақиятҳо ба бор оварда истодааст, ки боиси қаноатмандист. Ин дастовард бо дастгирӣ ва роҳнамоиҳои пайвастаи роҳбарияти ҲХДТ ба амал омадааст, ки бо ин фурсат изҳори сипос менамоем.