Ҷавонон-ояндаи дурахшони миллатанд!

КИВ: Андеша  

Гули Ваҳдат, дили Ваҳдат ҷавонон!

Дурахши шавқату савлат ҷавонон!

Дар оғӯши баҳори Тоҷикистон

Умеди зиндаи миллат, ҷавонон!

 

Умри инсон чанд марҳила дорад ва дар байни ин марҳилаҳо зеботарину дилнишинтаринаш фасли ҷавонист. Оре ҷавонӣ орзуи нотакрор ва лаҳзаи беҳтарини зиндагист. Яке аз захираҳои муҳими ҳар як давлат ва ҷомеа ин ҷавонон ба шумор меравад. Зеро дар ҳар давру замон ҷавонон қувваи пешбаранда, нерӯи фаъолу боғайрати ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат ба онҳо вобаста мабошад. Ҷавонон ободгарони Ватан, соҳибони ояндаи миллат ва такягоҳи боэътимоди давлатанд.

Яке аз кишварҳои аз лиҳози шумораи аҳолӣ ҷавонтарин дар дунё ин бевосита Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки аксарияти аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд ва онҳо нерӯи бузурги рушди кишвар мебошанд. Дар шароити муосир танҳо доштани нерӯи ҷисмонии холис барои рушди як кишвар кифоя нест, аз ин рӯ нерӯи ҷавонон танҳо дар он ҳолат сазовори ифтихору шараф аст, ки агар он сарчашмаи тавлидкунандаи идеяву назарияҳои нави илмӣ, созандагӣ, ободкориву бунёдкорӣ, омили суботи ҷомеа ва амнияти давлатӣ бошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ қайд карда буданд, ки “Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои Истиқлолиятро ҳифз намоянд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси давлатдориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.”

Дар ҳақиқат ҳам ҷавонон пайваста таҳти ғамхориҳои бевоситаи давлату миллат қарор доранд. Пас аз мо ҷавонон як чиз талаб карда мешавад, ки ба ғамхориҳои беназири давлат содиқ бошему имл омӯхта, соҳибкасб шуда ба Ватани азизамон хизмати содиқона намоем.

 

Буризода Мадина,Мутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲҲДТ дар вилояти Хатлон