МАШВАРАТИ АВГУСТИИ МАОРИФЧИЁН БАРГУЗОР ГАРДИД

Панҷ:  

Имрӯз дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳия машварати августии омӯзгорон доир гардид. Дар кори машварат раиси ноҳияи Панҷ Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзизода Каримҷон, мудири шуъбаи маориф Шарофиддин Асомиддинзода, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Панҷ иштирок намуданд.

Зимни суханронӣ дар баромади худ раиси ноҳияи Панҷ Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер омӯзгоронро бо иди касбиашон табрик ва таҳният гуфта, ҳамзамон, дар рафти фаъолияти кориашон масъулияти баланди тарбиявӣ ва барору комёбиҳоро таманно намуд.

Инчунин, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзизода Каримҷон низ баромад карда якчанд омӯзгорони фаъоле, ки дар амалишавии ҳадаф ва барномаҳои ҲХДТ саҳм гузоштаанд, бо сипосномаи Кумитаи иҷроия қадрдонӣ намуд.

Дар фарҷоми машварат якчанд омӯзгорони собиқадори фаъол ва муаллимони ҷавон бо сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ ва Шуъбаи маорифи ноҳия сарфароз гардонида шуданд.