БЕГОНА БАРОИ ТУ БАРОДАР ШУДАНӢ НЕСТ!

Фархор: Вокуниш  

Чанд гоҳ дар нишастҳои Варшава ҳангомаҷуёне мисли Муҳиддин Кабирӣ, Шарофидин Гадоев, Алим Шерзамонов, Ашур Ҳусейн  ва чанд тани дигар бо дастгирӣ аз ҷониби хоҷаҳои сарпарасти худ  аблаҳонаву ғаразнок  сухан мегӯянд, ки борҳо мушоҳида мешавад, ки аз шунидани ин гарангҳо намояндагони созмонҳои иштирокчӣ писханд мезананд. Яъне тамоман фаҳмиши як иштирокчӣ онҳоро қабул намекунад, ки ин ноогоҳон сухане барои гуфтан надоранд ба ҷуз аз фитнаву эҳсосоти ғаразноки худ нисбат ба давлати Тоҷикистон. Тоҷикистон кишварест, ки дар созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва ташкилотҳои гуногун намояндагӣ доранд. Ва аз фаъолияти давлату кишвари Тоҷикистон ба хубӣ огаҳанд, ки дар самти ҳифзи ҳуқуқи башар хеле корҳои хайре анҷом шудааст.

Вале ҳувайдост, ки “Гуруҳи 24” гуруҳи эктремистии хилофи сохти конститутсионии давлат эътироф гардидааст. Ҳадфҳои ин гуруҳ ғасп намудани ҳокимияти қонунӣ мебошад.   Курдилону нотавонбинон ҳатто бузургтарин хизмати Тоҷикистонро дар боби гуманизм ва инсондӯстӣ нодида гирифтанд, ки СММ онро бо фарогирӣ дар ҳудуди беш аз 200 давлати аъзо ҷонибдорӣ кард. “Об барои рушди устувор2018-2028” Бузургтари ҷанбаи инсондӯсти дар самти ҳифзи ҳуқуқи башар дар олам мебошад. Ҳаққи зиндагии шоиста новобаста аз миллат, нажод, дин, мазҳаб, давлат, забон ва амсоли ин барои сокинони сайёра пешниҳод мегардад.  Инчунин ҳамасола дар Тоҷикистон дар арафаи таҷлилил Истиқлолияти давлатӣ, Наврӯзи байнамилалӣ, Ваҳдати миллӣ ва дигар ҷашнҳо садҳо нафар дар “Авфи умум” аз маҳбас озод мешаванд, ҳамеша ятимон бо ҷои кори хуб ва хонаҳои истиқоматӣ таъмин мегарданд.   

Дигар ин ки иштирокчиён ва давлатҳои узви САҲА ва ғарбӣ набояд ба як гуруҳи экстремистӣ бовар ва пайравӣ кунанд. Зеро ҳеҷ гоҳ мақоми як гуруҳ созмони терористию экстремистӣ наметавонад бо мақоми давлат баробар бошад. Дар гуруҳҳои “Гуруҳи 24”, ТЭТ ҲНИТ, “Анҷумани озодандешон” ва “Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ” танҳо манфиати гуруҳ ва пайравони онҳост. Онҳо аз рӯи нақшаҳои махсуси тарҳрезишудаи дигарҳо амал мекунанд.

 САҲА, Варшава ва дигар созмонҳои марбут ба ин бояд биандешанд, ки давлат барои тамоми миллат ва осудагии шаҳрвандонаш талош мекунад, гуруҳҳо манфиати худро меҷӯянд. Илова барин ин гуруҳҳои харобкор барои ривоҷи кори худ чандин ҷавони донишҷӯ, муҳоҷир, бурунмарзии тоҷик ва ҳатто сайёҳои тоҷикро дар хориҷ мағзшӯи мекунанд.  

Таъкид ба ҳама гуруҳҳои таҳрибкор, нотавонбин, ҳангомаҷӯ, иғвоангез, ки бо пуштибонӣ ва маблағгузории хоҷаҳои сармоядори бадхоҳи давлату миллат ба чунин амали ноҷавонмардона даст мезананд гӯшзад менамоем, ки дар Варшава, дар САҲА бо ҳама айбҷӯиҳо, дасисабофиҳо ва сиёҳкорву туҳматҳо ба мақоме намерасед. Яқинан як муддат як лоиҳаро амалӣ мекунед, вале барои дигарон ва хоҷаҳои худ ҳамчун хоин боқӣ мемонед. Зеро ба Ватан сангпартофтан, модарро сангсор кардан аст.

Ба ибораи дигар:

Хушнуд машав душман агар кард муҳаббат,

 

Бегонабарои ту бародар шуданӣ нест.

Раҳимова Маъмурбӣ –Мудири Шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор