Таърих собит намудааст, ки дар низоми ташаккули давлатдориву давлатсозӣ ҳеҷ як дастоварди аслӣ бидуни соҳибистиқлолии комил арзишҳои бунёдӣ надорад. Ҳамаи ин муваффақияту комёбиҳои халқу мамлакати тоҷикон аз муттаҳидӣ ва меҳандӯстии шаҳрвандон дарак медиҳад. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки миллати сулҳпарвари мо пас аз хомӯш шудани ҷанги шаҳрвандӣ бори дигар ҷаҳониёнро бовар кунонид, ки тоҷикон ҳамчун миллати дорои фарҳанги бой, ҳамеша ҷонибдори сулҳу ваҳдат буданд, ҳастанд ва мемонанд.
Яке аз хизматҳои бузурге, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Роҳбари муаазами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи Истиқлолият ба анҷом расонид, ин баргардондани гурезаҳо ба кишвар ва таъмини сулҳу ваҳдати сокинон буд. Дастоварди дигари сиёсии сокинони мамлакат бо сарварии Ҷаноби Олӣ ин дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ (1994) қабул намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки дар он низоми нави қонунгузорӣ ташаккул ёфт ва кишвари мо дорои рамзҳои муқаддаси Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид.
Даврони истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи Тоҷикистони азизу маҳбубамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгирона, созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонида, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшад ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва баландтарин зинаи бахту саодати ҳақиқии миллатро таъмин намуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Роҳбари муаазами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд: “Солҳои охир дар ҷаҳон як силсила тамоюлоти хатарнок, аз қабили таҳдиди терроризми байналмилалӣ, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва фаъолияти гуруҳҳои ҷинояткори трансмиллӣ қувват мегиранд, ки инҳо метавонанд ба оромиву суботи минтақа ва амнияти давлатии кишварҳои дигар таъсири манфӣ расонанд”.
Аз ин рӯ моро зарур аст, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, якҷоя хатари коҳиш ёфтани ин ҳаракатҳои номатлубро пешгирӣ намоем ва барои пешрафти Ватани азизамон саҳми худро гузорем.
Бори дигар, ҳамаи сокинони кишварро ба ифтихори 31 – мин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо хушбахтиву иқболи нек, оромиву осоиштагӣ ва комёбиҳо орзумандам. Бигзор, Тоҷикистони озоду соҳибихтиёри мо ҳамчун меҳвари сулҳу субот абадан боиси ифтихори тамоми тоҷикон бошад!
Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ: И. Олимов