ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИИ ЗАМИН МАСЪУЛИЯТ МЕХОҲАД!

А.Ҷомӣ:  

Кормандони Кумиаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Вобаста ба самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва Президентӣ бо сокинони ҷамоати деҳоти 50-Солагии Тоҷикистон доир ба шароити вазъи мураккаби минтақа ва ҷаҳон, мушкилоти маводи озуқа, бо усули “Хона ба хона” корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Таъкид гардид, ки сокинони кишварро зарур аст, ки дастуру супоришҳои Президенти кишварро дар амал тадбиқ намоянд, масъулин аз рафти таъмини иҷрои дастуру супоришҳо аз заминҳои наздиҳавлигии якчанд сокинони ҷамоати деҳоти мазкур дидан намуданд.