Баҳри дар амал тадбиқ намудани сиёсати хирадмандонаву ғамхоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ аз рафти захиракунонии маводи ғизоии сокинони ҷамоати деҳоти ба номи Абди Авазови ноҳия дидан намуда, мақсаду муҳтавои ҳидоятҳои ғамхоронаи Сарвари давлатро ба сокинони ҷамоат фаҳмонида, қайд намуданд, ки тайи солҳои охир хушксоливу нарасидани маводи хӯрока ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш оварда истодааст, ки ин боиси нигаронии ҳамагон мебошад. Бо ҳамин мақсад ҳамаи моро мебояд, ки барои захираи озуқавории хеш омодагии ҳамаҷониба дошта бошем.
Дар идома сокинони меҳнатдӯсти ҷамоати мазкур иброз доштанд, ки ҳар як сухани Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори ҳарӯзаи хеш қарор дода, баҳри амалишавии ин сиёсати хирдмандонаву оқилона талош хоҳем варзид.