ТИ ОРИЁӢ НИЗ ФАЪОЛИЯТИ ЯКСОЛАИ ХУДРО НАТИҶАГИРӢ НАМУД.

Ёвон:  

Тибқи ҷадвал дар ташкилоти ибтидоии Ориёӣ низ, маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботӣ баргузор гардид. Дар маҷлис аз 28 нафар аъзоёни ҳизбӣ  25 нафар  аъзоёни ташкилоти мазкур иштирок намуданд. Ҳамзамон дар кори маҷлис зиёда аз 70 нафар ҷонибдорон ва раисони хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди маҳалла ва соҳибкорон иштирок намуданд. Дар рафти маҷлис раиси ташкилоти ибтидоии  Ориёӣ Муродалиева Латофат дар назди аъзоёни ташкилот ҳисобот дода, аз ҷониби аъзоёни ташкилот ҳисоботи ӯ қаноатбахш арзёбӣ гардид. Муродалиева Л. дар ҳисоботи яксолаи хеш ёдовар гардид, ки аъзоёни ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии Ориёӣ давоми яксоли фаъолият пули калони миёни деҳарро барқарор намуда, дарвозаи маҳалларо ба таври замонавӣ бунёд намудаанд.

Аз руйи масъалаи дигари ҷаласа аъзоёни ташкилот номзадии Ориёӣ номзадии Муродалиева Латофатро бори дигар ба ҳайси раиси ташкилоти ибтидоии Ориёӣ интихоб намуданд.

Аз рӯйи масъалаи дигари рӯзнома нақшаи кории ташкилот дар нимсолаи дуюми соли равон тасдиқ гардида, 3 нафар аъзои ташкилоти ибтидоӣ ҳамчун вакил ба Конференсияи ноҳиявӣ пешбарӣ гардиданд, ки доир ба масъалаҳои мазкур  қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Ҳамчунин, дар кори маҷлиси  ҳисоботӣ- интихоботии  ташкилоти ибтидоии Ориёӣ мудири шуъбаи таблиғоти Кумиати иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Расулов Ғолиб  иштирок намуда, доир ба самтҳои афзалиятноки ҲХДТ, вазифаи  кунинии ташкилоти ибтидоӣ дар  давраи минбаъда, роҳандозӣ намудани корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар сатҳи маҳал дар доираи Аксияи ҳизбӣ “Якҷоя месозем!” дар руҳияи ватандӯстӣ  тарбия намудани фарзандон ва пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро, ҳамкорӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ андешаронӣ намуданд.