Мақсади асосии ташкилоти ибтидоӣ тарбияи насли наврас дар рӯҳияи меҳанпарастист.

Восеъ:  

Бо мақсади баргузор намудани маҷлисҳои ҳисоботӣ интихоботӣ санаи 01.07.2022 дар ташкилоти ибтидоӣ ҳизбии “Баҳористон-Боғчаи №8”-и ҷамоати деҳоти ба номи М.Вайсови ноҳияи Восеъ бо иштироки намояндагони КИ ҲХДТ дар ноҳия Восеъ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ гузаронида шуд.

Зимни ироаи ҳисоботи хеш раиси ташкилоти ибтидоии “Баҳористон-Боғчаи №8” Қодирова Асалмо иброз дошт, ки ташкилоти ибтидоӣ ба ғайр аз иштирок дар чорабиниҳои ҳизбиву ноҳиявӣ дар тарбияи насли наврас саҳми босазо доранд. Мақсади асосии аъзоёни ташкилот тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандорӣ, меҳанпарастӣ, худогоҳиву хештаншиносӣ мебошад. Чунки кӯдакон умед ва ояндаи дурахшони давлату миллатанд, пас ғамхориву тарбияи онҳо вазифа ма мақсавди аввалиндраҷаи аъзоёни ташкилот маҳсуб меёбад.

Ҳамзамон тибқи муқаррарот Қодирова Асалмо аз нав раиси ташкилоти ибтидоии “Баҳористон-Боғчаи №8” интихоб гардида, масъалаҳои дигарри рӯзномаи маҷлис низ баррасӣ гардиданд.