Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хоҷа Ғалтон-МТМУ №47”-и ҷамоати деҳоти ба номи М.Вайсови ноҳияи Восеъ маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ баргузор карда шуд.
Зимни ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ маълум гардид, ки ташкилоти зикргардида дар баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ, ташаббусҳо ва аксияҳои ҳизбӣ фаъол буда, пайваста баҳри рушду нумӯи деҳаи хеш талош менамоянд. Ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҷавононро дар роҳи рост ҳидоят намуда, баҳри ояндаи дурахшони кишвар мутахасисони варзида омода намоянд.
Дар идомаи маҷлис Раҷабов Баҳром раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хоҷа Ғалтон-МТМУ №47” бо пешнҳод ва ҷонибдории аъзоёни ҳизб интихоб карда шуда, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои баррасигардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.