Мактаби сиёсии Пешвои миллат

КИВ: Андеша  

Санаи 23-24 июни соли 2022 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон таҳти унвони “Мактаби сиёсии Пешвои миллат” бахшида ба 25-солагии Ваҳдати миллӣ Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ   баргузор гардид..Зери мафҳуми мактаб кас муассисаи таълимӣ ва илмиро дар назар дорад. Мактаби сиёсии Пешвои миллат бошад, маънои васеъ ва доманадор дорад. Ин мактаб фарогири корҳои тадқиқотии амалӣ вобаста ба фаъолияти сиёсию идеологии Пешвои миллат ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад. Дар натиҷаи Конференсия бо мақсади ташаккули идеологияи миллӣ ва тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва садоқатмандию худшиносӣ, тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ ва истиқлолияти давлатии кишвар, ҳамчунин ташаккули низоми касбии идеологӣ ва идоракунии сиёсии Тоҷикистони муосир ва таъминоти кадрии идеологияи сиёсӣ (миллӣ) таъсиси Маркази илмию тадқиқоти "Мактаби сиёсии Пешвои миллат" пешниҳод гардида, аз ҷониби ҳамаи олимон, иштирокдорони Конференсия дастгирӣ карда шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз рӯзҳои аввали қадам ба арсаи сиёсат гузоштан дар ташаккули рукнҳои сиёсии ҷомеаи соҳибистиқлол бо як усули хоси сиёсӣ амал намуд, ки бо мурури замон таҳти сарпарастии ӯ ва пайравонаш дар шоҳроҳи ноҳамвори давлатдории миллиамон то ба як мактаби бузурги сиёсӣ такмил ёфт. Иштирокчиёни ин мактаб дар баробари олимон, ҳамчунин сиёсатмадорон, кормандони ҳизбӣ ва хизматчиёни давлатӣ  мебошанд ва асоси фаъолияти татқиқотии онҳоро амалкардҳои созанда ва ибратомӯз, мушоҳидаҳо, таҳлилҳои оморӣ ва систематикӣ, мониторинг, таҳлили дедуктивӣ ва индуктивӣ, пурсишҳои иҷтимоӣ, озмоишҳои ҳудудӣ ва соҳавӣ ва ғайра ташкил медиҳанд 

Мо низ кормандони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ташаббуси ташкили Маркази илмию тадқиқотии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат»-ро дастгирӣ намуда, фаъолияти худро дар ин самт равона месозем.

Ҳусейнова Саёра, мудири шуъбаи умумии КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон